ҚАФОМОНӢ ДАР КИШТИ ПУНБАДОНА

Май 19, 2010 09:01

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои сардори Раёсати растанипарварии Вазорати кишоварзӣ Саидмурод Баҳриддинов, кишоварзони вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кишти пунбадонаро то 15 – уми май пурра ва барзиёд иҷро намуданд. Дар вилояти Суғд аз 55 ҳазор гектар замини барои кишти чигит    пешбинишуда, дар масоҳати 55 ҳазору 269 га   кишт гузаронида шудааст, ки ин баробари 100,5 фоизи дурнамо мебошад. Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, ба ҷои 6765 га дар майдони 7690 га, ки баробари 114 фоиз мебошад, чигит кишт карда шудааст. Мутаассифона, деҳқонони пахтапарвари вилояти Хатлон соли ҷорӣ бо сабабҳои нарасидани сӯзишворӣ ва аз ҷониби бонкҳо маблағгузорӣ нашудани хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и пахтапарвар то 15 –уми май ба ҷойи 121 ҳазору 700 гектари дар нақша  пешбинишуда, ҳамагӣ дар майдони 99 ҳазору 231 га кишти чигит анҷом дода шудааст.   

Май 19, 2010 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад