ҲАЙАТҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ХОРИҶӢ БА ДУШАНБЕ МЕОЯНД

Май 14, 2010 11:57

Душанбе,  14 май. (АМИТ «Ховар»,  Фарангис  Раҳимова). —  Тавре  хабар  дода шуда буд,  аз  18 то  20  майи  соли равон  дар  Душанбе  маҷлиси  37 – уми  Шӯрои  вазирони  корҳои хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  Созмони  конфронси  исломӣ  баргузор  мегардад. Дар   он  57  ҳайати  давлатҳои  аъзои   созмон,  мамлакатҳои  мушоҳид,  созмонҳои  байналхалқию  минтақавӣ  ва  меҳмонони  гуногунпоя  иштирок  хоҳанд  кард. Ҳамаи  ҳайатҳо  17  май  ба  Душанбе  меоянд. Ҳамон рӯз  вазири  корҳои хориҷии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  ва  муншии  умумии  Созмони  конфронси  исломӣ  барои  хабарнигорон  нишасти  матбуотӣ  ташкил  хоҳанд  кард.  Вазири  корҳои  хориҷии  Аморатҳои  Муттаҳидаи  Араб  низ  17  май  ба  Душанбе  меояд.  Маҷлиси  Шӯрои  вазирони   корҳои  хориҷии   мамлакатҳои  аъзои  Созмони  конфронси  исломӣ  дар  Кохи  Сомони  саробӯстони  ҳукуматӣ  гузаронида  мешавад.  Дар  маросими  ифтитоҳи  маҷлис  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  иштирок  хоҳад  кард. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки барои  инъикоси  васеи  маҷлис   дар   бинои  нави  Бонки  миллии  Тоҷикистон   маркази  матбуот  ташкил  карда  мешавад.  Маҷлис  20  май  бо  имзои  ҳуҷҷатҳои  хотимавӣ  анҷом  меёбад.

Май 14, 2010 11:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!