ҲЕҶ КӮДАКЕ КИ АЗ ТОҶИКИСТОН БА РУСИЯ РАФТА, БЕМОР НАБУДААСТ
Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар»- ozodi.org). — Вазири тандурустии вилояти Маскав Владимир Семенов хабар дод, ки дар ҷисми ҳеҷ яке аз кӯдакон, ки аз Тоҷикистон омада буданд, ангали полиомелит дарёфт нашудааст. Вай гуфт, бо гумони чунин беморӣ 12 кӯдаки синни то шашсола ба маҳзи расидан аз Тоҷикистон ба Русия ба бемористон интиқол дода шуданд. Таҳқиқ нишон додааст, ки ҳамаи онҳо саломатанд. Русия вуруди кӯдакони то шашсолаи шаҳрванди Тоҷикистонро ба қаламрави худ манъ карда, ба Русия кӯчондани чунин кӯдакони шаҳрванди Русияро талаб намудааст ва мегӯяд, аз вазъи полимелит дар Тоҷикистон нигарон аст. Зимни ҳамин нигаронӣ ҳамчунин интиқоли хушкмеваи Тоҷикистон ба Русия низ манъ шудааст.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






