ҲОМИЁНИ ҲУҚУҚ ХУД ҶИНОЯТКОРАНД?

Май 12, 2010 15:14

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли ҷорӣ Саймуддин Мирзоев аз вазифаи муовини сардори Сарраёсати  Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти  миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд. Мирзоев Саймудин Тиллоевич барои ёрирасонӣ ва ҳалли мусбии кор дар рафти тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ барои банду баст кардани кирдори айбдоршаванда шаҳрванд "3" бо моддаҳои сабуктари кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хоҳари ӯ ба воситаи хешовандонаш Нуров Табаралӣ Лалиевич охири моҳи феврали соли 2010-ум дар дохили автомашинаи шахсияш 30.000 доллари ИМА бо роҳи тамаъҷӯӣ пора гирифтааст. Ҳамзамон, ба ин маблағи бадастоварда конеъ нагашта, аз аввали моҳи апрели соли 2010-ум аз шаҳрвандон Давлатова М.Б. ва Нуров Т.Л. ҷиҳати ёрирасонию додани нишондодҳои манфиатнок дар мурофиаи судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз 15.000 доллари амрикоӣ талаб мекунад. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-тафтишотӣ рӯзи 19 апрели соли 2010, соати 21.50 дакика бевосита баъди гирифтани маблағи 15 000 доллар аз шаҳрванд Нуров Табаралӣ дар кӯчаи Фединаи ш. Душанбе муовини сардори Сарраёсати Кушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон полковник Мирзоев Саймуддин Тиллоевич аз тарафи кормандони фаврии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар шаҳри Душанбе дастгир карда шуд ва маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта, гирифта шуд. Нисбати С. Мирзоев аз тарафи Раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе бо моддаи 32 қисми 3, бандҳои «а» «б» «в», моддаи 319 кисми 4 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардид ва тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба ҳамин монанд рӯзи 20 апрели соли 2010 аз руйи хабари фаврӣ ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълум гардид, ки «Иброҳим» ном шахс бо роҳи фиреб ва суйиистифодаи боварӣ барои баргардонидани шиносномаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Покистон Амир Аббас ва Ҳусайн Фаряд, ки ҷиҳати андешидани чораҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар дасти кормандони амният будааст ва ӯ дар он ҷо ба ҳайси тарҷумон иштирок доштааст ва барои аз ҷаримаи маъмурӣ озод намудани онҳо маблағи 1000 доллари амрикоиро талаб карда, аз ин маблағ 200 доллари онро мегирад ва барои овардани маблағи боқимонда ба ин шаҳрвандон мӯҳлати муаян додааст. Санаи 21 апрели соли 2010 дар натиҷаи андешидани чорабинии оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони фаврии Сарраёсати мубориза бар зидди коррупсияи Агентӣ шахсияти Иброҳим ном шахс муайян карда шуд. Номбурда Иброгимов Иброҳим Сарҳадович, ст. 1970, маълумоташ олӣ, забоншинос, муваққатан бекор, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи К. Сеткина, хонаи 14, ҳуҷраи 64 будааст. Мавсуф барои гирифтани маблағи боқимонда аз руйи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Покистон дар яке аз ошхонаи шаҳри Душанбе вокеъ дар хиёбони Рӯдакӣ вохӯрда, тахминан, соати 16:00 дақиқа маблағи 500 доллари амрикоиии дигарро мегирад ва дар ҳамон лаҳза аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир карда шуд. Оиди ҳолати мазкур нисбати Иброгимов И.С. аз тарафи Раёсати тафтишотии Агентӣ бо аломатҳои моддаи 247 қ. 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс татбиқ гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки ин танҳо амали ношоистаи як корманди сохтори қудратӣ нест. Дар сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бурдани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ оид ба пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноят, яке аз вазифаҳои ҷонии кормандони Раёсату шуъбаҳои мубориза бар зидди ҷинояткории вазорату кумитаҳо маҳсуб меёбад. Вале, мутаассифона дар байни чунин кормандон шахсоне ба чашм мерасанд, ки худ дар содир намудани ҷиноят даст мезананд. Сарваколатдори шӯъбаи мубориза алайхи ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милитсия Турғунов Шавкатҷон Исроилҷонович ва ваколатдори фаврии ҳамин шӯъба, капитани милитсия Хакимов Хайрулло Одилович аз зумраи онҳост. Номбурдагон санаи 28 январи соли 2010 бо мақсади ғайриқонунӣ ва бо роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардани маблағи пора маслиҳати пешакӣ карда, шаҳрванд Обидова Раъно 3иёдуллоевна ва Ашӯрова Гулчеҳра Шокировнаро ба ин кирдори ҷинояткоронаашон ҳамроҳ мекунанд ва ваъда медиҳанд, ки ба онҳо низ маблағи муйян медиҳанд. Ҳамин тариқ онҳо худи ҳамон рӯз ба назди духтури таваллудхонаи ш. Хуҷанд шаҳрванд "Н" омада барои ҷарроҳӣ ва бар ивази он додани 100 доллари ИМА ҳамчун хақи хизматаш розигияшро гирифтанд. Санаи 29 январи соли 2010 Ашӯроваро ҷарроҳӣ намуда, маблағи 450 сомониро ҳамчун хақи хизматаш дода, мувофиқи маслиҳати пешакӣ баъди аз таваллудхона ба берун баромадан, дар ин бора ба Турғунов Ш. ва Хакимов Ҳ. хабар доданд. Сипас, онҳо ба утоқи кори шаҳрванд "Н" ворид гашта, ӯро дар гузаронидани амалиёти ғайриқонунии ҷарроҳӣ муттаҳам намуда, тахдид кардаанд, ки ӯро бе обрӯ менамоянд ва дар мавриди дар мӯхлати 30 дақиқа надодани маблағи 6000 доллари ИМА ба сифати пора ба ҷавобгарӣ кашида, ҳабс хоҳанд кард. Шаҳрванд "Н" ба ҳамсараш занг зада маблағи мазкурро оварда ба дасти Хакимов. Х. медиҳад. Номбурдагон пас маблағи пораро гирифтан ба берун баромада 100 доллар ба Обидова Р. ва 100 доллари дигар ба Ашӯрова Г. дода, 5 800 доллари боқимондаро байни худ баробар тақсим мекунанд. Ғайр аз ин, Турғунов ва Ҳакимов нақшаи дигари ҷинояткорона кашида, корманди комисарияти ҳарбии ш. Истаравшан шаҳрванд "Ш"-ро барои гирифтани 350 сомонӣ, ки қаблан худашон тавассути шаҳрванд Рустамов Ҷаҳонбек барои саривақт ҳозир нагаштанаш ба хизмати ҳарбӣ ташкил карда будаанд, ба утоқи кориаш даромада, ӯро таҳдид намуда, бо мақсади ҳал намудани кор 5000 долар талаб карда, баъди илтимосу зориаш 3000 долари амрикоиро ба сифати пора гирифтаанд. Ҷинояти содирнамудаи Турғунов ва Ҳакимов фавран аз тарафи кормандони Раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ошкор карда шуд ва номбурдагон боздошт гардида, нисбаташон бо моддаҳои 319 қ. 4, 316 қ. 1 ва 247 қ. 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардашуд. Парвандаи мазкур баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ ба мақомоти судӣ ирсол карда шудааст. Бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ ва таҳдиди маълумоти беобрӯкунанда даст ба тамаъҷӯӣ задани командири взводи хадамоти патрулии ШКД-и н. И. Сомонии ш. Душанбе лейтенанти милиса Ризоев Самандар Сикандарович ва прапоршики милитсияи ҳамин хадамот Саидов Баҳридин Баротович, ки аз ҷониби Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар ш. Душанбе ошкор карда шудааст, низ далели гуфтаҳои болост. Чунончи онҳо шоми 25-26 марти соли 2010 аз рӯи хабари телефонии шаҳрванд Сангова Фирӯза Абдусаторвна, ки дар манзили истиқоматии кӯчаи Захматободи ш. Душанбе бо хамроҳи шаҳрвандон Муродова Гулнора Абдуманоновна ва Аюбова Умеда Ҳалимовна, ки бо се нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Эрон якҷоя дар ин хона қарор доштанд, ворид гардида, бо истифода аз ваколатҳои худ, шаҳрвандони ҶИЭ-ро таҳдид намудаанд, ки онҳоро ба навори видиоӣ гирифта, тавассути телевизион пахш мекунанд. Баъдан барои худдорӣ намудан аз чунин амал аз ин шаҳрвандон маблағи 6000 сомонӣ тамаъҷӯӣ намуда, баъди илтимосу зорӣ 4000 сомонӣ гирифтаанд ва байни худ ин маблағро тақсим кардаанд. Бо ин кирдорашон нисбати Ризоев Самандар ва Саидов Баҳридин бо аломатхои моддаи 314 қ. 1 ва 250 қ. 2 ва нисбати Сангова Фирӯза ва дигарон бо моддаи 36 қ.5 ва 250 қ. 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Қобили қайд аст, ки бо вуҷуди гузаронидани чандин сӯҳбату вохӯриҳо аз ҷониби мақомоти назоратӣ, инчунин пешниҳоди ҳолатҳои боздошти кормандони камиссариатҳои ҳарбӣ тавассути ВАО, мутаассифона ҳоло ҳам аз ҷониби бархе аз кормандони камиссариатҳои ҳарбӣ дар мавсими даъвати наваскарон бо роҳи тамаъҷӯӣ гирифтани пора ба чашм мерасад. Аз ҷумла, 27 апрели соли 2010 дар натиҷаи андешидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Сарраёсати мубориза бар зидди коррупсияи Агентӣ муайян карда шуд, ки комиссари ҳарбии ш. Ваҳдат Шомуродов Боймурод Юсупович барои қонунан ба шаҳрванд «Қ» додани билети ҳарбӣ, бинобар гузаштани сину соли даъватиаш дар Қyвваҳои мусаллаҳи ҶТ аз ӯ ба сифати пора маблағи 600 доллари амрикоӣ талаб мекунад. Худи ҳамон рӯз тахминан соати 19:10 дақиқа комиссари ҳарбии ш. Ваҳдат Шомуродов Б.Ю. аз руйи маслиҳати пешакӣ шаҳрванд «Қ»-ро ба назди бинои комиссариати ҳарбии ҷумҳуриявӣ, воқеъ дар кӯчаи Шамсии ш. Душанбе даъват намуда, аз ӯ маблағи ба сифати пора талаб намудашро, ки 600 доллари амрикоиро ташкил медод, гирифт ва дар ҳамон лаҳза аз ҷониби кормандони Сарраёсати мубориза бо коррупсия дастгир гардид. Нисбати Шомуродов Боймурод бо аломатҳои моддаи 319 қ.1 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ба ҳамин монанд, аз тарафи кормандони шӯъбаи минтақавии дар шаҳри Кӯлоб будаи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсия дар вилояти Хатлон, мутахассиси пешбар оид ба ҳисоб ва банд намудани сарбозон ва сержантҳои эҳтиётии комисарияти ҳарбии ноҳияи Мӯъминобод Катаев Абдулҳамид Абдулҳаитович дастгир карда шуд. Номбурда ҳарчанд, ки бо моддаҳои 340 ва 391 КҶ ҶТ бо ҳукми суди гарнизонии вилояти Хатлон ду маротиба доғи судӣ дошта, ба мӯҳлати муайян аз озодӣ маҳрум гардида бошад ҳам, вале аз кирдорҳои кардаи худ хулосаи даркорӣ набароварда, боз бо роҳи фиреб ва сӯйиистифодаи боварӣ даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст. Нобмурда моҳи августи соли 2008 барои озод намудани шаҳрванд «Ҷ» аз хизмати ҳарбӣ аз падараш маблағи 900 сомонӣ талаб намуда, гирифта ба ӯ маълумотнома бар ивази билети ҳарбиро тартиб медиҳад. Ба ҷойи камиссари ҳарбии ноҳия имзо ва мӯҳри камиссариати ҳарбиро зада, қалбакӣ карда додааст ва бо ин роҳ шаҳрванд «Ҷ»-ро ғайриқонунӣ аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод намудааст. Ҳамин тариқ Катаев маблағи гирифтаашро ба манфиати шахсиаш истифода бурдааст. Моҳи ноябри соли 2009 бошад, комиссияи даъватии ноҳияи Мӯъминобод шаҳрванд «Ҷ»-ро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуда, ба хизмати ҳарбӣ сафарбар кардааст. Аз ин рӯ, падари шаҳрванд «Ҷ» оиди баргардонидани маблағи 900 сомонии қаблан гирифтаи Катаев ба ӯ муроҷиат мекунад. Дар рафти гузаронидани чорабинии фаврӣ — тафтишотӣ 11 марти соли 2010 тахминан соати 16:40 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Туту дар хонаи истиқоматии шаҳрванд «Ҷ», баъди баргардонидани маблағи қаблан гирифтааш, яъне 200 доллари амрикоӣ Катаев А. дастгир карда шуд. Нисбат ба ӯ бо моддаи 247 қ. 3 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ҳамингуна далелҳо оид ба гирифтани пора аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёд аст, ки аз фарҳанги паст ва шуури «сӯйиистифода аз мансаб» доштан онҳо дарак медиҳад.        

Май 12, 2010 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст