ҲУҶҶАТИ ЗАРУРӢ БАРОИ МАКТАБҲО

Май 27, 2010 11:17

Душанбе, 27 май. (АМИТ «Ховар». Ҳотам Рабиев)- Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумиро бо теъдоди 4 ҳазор нусха нашр намуд. М.Хокироев – сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чопи китоб масъул аст. Дар китоби мазкур санадҳои зарурӣ  Низомномаҳо, консепсияҳо, қарору барномаҳо гирд оварда шуда, барои ҳар як мактаб ҳуҷҷати зарурӣ мебошад. Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ буда, сиёсати ягонаи давлатро дар соҳаи маориф таъмин мекунад. Ҳамчунин дар китоб дар бораи фаъолияти мактабҳои  типи нав гимназияҳо, литсейҳо маълумоти зарурӣ ҷой дода шудааст.  

Май 27, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!