ҶАМЪБАСТИ ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ

Май 21, 2010 14:37

Хуҷанд,  21 май. (АМИТ «Ховар», Санавбар  Мақсудова). —   Ҷашнвораи  дуюми   театрҳои   касбии мамлакат   бегоҳии  дирӯз  дар  толори  Театри   мусиқии  мазҳакавии ба  номи Камоли  Хуҷандӣ  ҷамъбаст  карда  шуд. Дар  маросими  ҷамъбасти  ҷашнвора   вазири  фарҳанги  ҷумҳурӣ  Мирзошохрух  Асрорӣ,  муовини  аввали  ӯ  Миралӣ  Достиев,  муовини  раиси   вилояти  Суғд  Мавҷуда  Бобоева  ва   ҳунарпешагони  театрҳои  ҷумҳурӣ  ширкат  варзиданд. Натиҷаҳои  ҷашнвораро  вазири  фарҳанги  ҷумҳурӣ  М.Асрорӣ  ҷамъбаст  намуда,  ба театрҳо  ва  ҳунарпешагони  беҳтарин   ифтихорномаҳо  ва  тӯҳфаҳои  қиматбаҳо ҳадя  намуд. Маъмурияти ҷашнвора  аз  ҷумла, ба  саркоргардони Театри тамошобини   ҷавони   шаҳри  Хуҷанд,  арбоби  шоистаи  фарҳакнги  ҷумҳурӣ  Ислом  Саломов,  ҳунарпешаи  шоистаи  ҷумҳурӣ Хушназар  Майбалиев,  раиси  вилояти  Суғд  Қоҳир  Расулзода ва  вазири   фарҳанги  ҷумҳурӣ Мирзошохрух  Асрорӣ  барои   саҳми  калонашон  дар   рушди  санъати  театрӣ  ва   ташкилу  гузаронидани  ҷашнвора  ифтихорномаҳо  ва  мукофотҳои  хотиравӣ  тӯҳфа  намуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  дар  ҷашнвораи  мазкур  Театри  тамошобини  ҷавони  ба  номи  Одилҷон  Назарови  шаҳри  Хуҷанд,  Театри  драммавии  мусиқии  ба  номи  Шукур  Бурҳонови  ноҳияи  Спитамен,  Театли  лухтаки  шаҳри  Чкаловск,  Театри  драммавии  русии ба  номи  Пушкини  шаҳри  Чкаловск, Театри  драммавии  мусиқии  ба  номи  Тӯҳфа  Фозиловаи  шаҳри  Конибодом,  Театри драммавии  мусиқии  ноҳияи  Данғара,  ва  театрҳои  дигар  иштирок намуданд.

Май 21, 2010 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!