ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Май 26, 2010 17:26

Душанбе,  26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия  Эшонқулова). —  Имрӯз дар  шаҳри  Алмаато  ҷашнвораи  сеюми  байналхалқии   театрҳои  мамлакатҳои  Осиёи  Марказӣ кушода  шуд. Аз  Тоҷикистон дар ҷашнвораи  мазкур ҳунарпешагони Театри драммавии  мусиқии  ба номи  Камолиддин  Беҳзоди  шаҳри  Хуҷанд иштирок  менамоянд.  Онҳо асари  саҳнавии   драмнавис  Нур  Табаров «Шикасти ташнагӣ» — ро  пешкаши  тамошобинон  ва  ҳайати  доварон  мегардонанд. Аъзои  ҳайати  доварони  ҷашнвора   аз  ҳамаи  мамлакатҳои  минтақа  интихоб  карда шудаанд. Аз Тоҷикистон  ба  ҳайати  доварон узви  шӯрои бадеии  Вазорати  фарҳанг  Иброҳим  Усмонов ва  ба гурӯҳи  мунаққидон  Маҳмадулло  Табаров  шомиланд. Ҷашнвораи  мазкур  ҳар  ду  сол як  маротиба  дар  Алмаато  гузаронида  мешавад. Ҳадафи он  ба  вуҷуд  овардани  фазои  воҳиди  фарҳангӣ, ғанӣ  гардонидани   фарҳанги  мамлакатҳои  минтақа ва  омӯхтани  таҷрибаи  ҳамдигар  мебошад. Ҷашнвора  то  31  май  давом  мекунад.  

Май 26, 2010 17:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад