ҶАШНВОРАИ ТЕАТРҲОИ МАМЛАКАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова). — Имрӯз дар шаҳри Алмаато ҷашнвораи сеюми байналхалқии театрҳои мамлакатҳои Осиёи Марказӣ кушода шуд. Аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи мазкур ҳунарпешагони Театри драммавии мусиқии ба номи Камолиддин Беҳзоди шаҳри Хуҷанд иштирок менамоянд. Онҳо асари саҳнавии драмнавис Нур Табаров «Шикасти ташнагӣ» — ро пешкаши тамошобинон ва ҳайати доварон мегардонанд. Аъзои ҳайати доварони ҷашнвора аз ҳамаи мамлакатҳои минтақа интихоб карда шудаанд. Аз Тоҷикистон ба ҳайати доварон узви шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг Иброҳим Усмонов ва ба гурӯҳи мунаққидон Маҳмадулло Табаров шомиланд. Ҷашнвораи мазкур ҳар ду сол як маротиба дар Алмаато гузаронида мешавад. Ҳадафи он ба вуҷуд овардани фазои воҳиди фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани фарҳанги мамлакатҳои минтақа ва омӯхтани таҷрибаи ҳамдигар мебошад. Ҷашнвора то 31 май давом мекунад.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






