ҶИНОЯТКОРИИ НАВРАСОН ТАШВИШОВАР ШУДААСТ

Май 26, 2010 08:25

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми чор моҳи сипаришудаи соли 2010  262 ҷинояти наврасон ба қайд гиифта шудааст, ки аз ин 23 ҷиноят аз ҷониби хонандагони мактабҳои таълимоти миёнаи умумӣ, 16 ҷиноят аз ҷониби хонандагони гимназия, коллеҷу литсейҳо ва 200 ҷиноят аз ҷониби наврасони қонуншикан, ки дар ҳеҷ ҷой таҳсил намекунанд ба қайд гирифта шудааст. Тибқи маълумоти  Вазорати корҳои дохилӣ, ҷиноятҳои бештари наврасон ба дуздии молу мулк алоқаманд аст. Айни замон дар ягона Муассисаи ислоҳии ноболиғони ҷумҳурӣ 60 нафар наврасони аз 14 то 18 сола нигоҳ дошта мешаванд. -Сабаби асосии ҷинояткорӣ аз беназорат мондани фарзандон ва аз паи ризқу рӯзӣ шудани падару  модарон ва ворисони онҳо буда, барои тарбияи онҳо ҷудо накардани  вақти зарурӣ  мебошад,- мегӯяд сардори хизмати профилактикӣ ва пешгирии қонунвайронкунӣ миёни ноболиғон ва ҷавонони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Азимов.

Май 26, 2010 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!