3 МЛРД. СОМОНӢ ДАР 12 ЛОИҲАИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА
Душанбе, 11май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми як соли амали Фармони Президенти мамлакат дар бораи гузариш ба лампаҳо ва таҷҳизоти каммасрафи барқӣ дар саросари кишвар 2 млрд. кВт соат нерӯи барқ сарфа гардид. Ин аст, ки барои таъмини амнияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сӯзишворӣ сарфаю сариштакорӣ муҳимтарин омили таъмини аҳолӣ бо барқу сӯзишворӣ маҳсуб мешавад. Дар давоми як соли гузашта дар натиҷаи сарфакорӣ 2 млрд. кВт соат нерӯи барқ ба даст оварда шуда, ҳамин қадар нерӯи барқ аз хориҷи кишвар камтар ворид карда шуд. Дар сурати дар ҳаҷми 3 – 4 фоизи солона кам кардани хароҷоти барқ ҳангоми коркарди маҳсулоти дохилӣ 200 – 270 ҳазор тонна сӯзишворӣ сарфа мегардад. Айни замон дар доираи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика татбиқи 12 лоиҳа ба маблағи 3 млрд. сомонӣ қарор дорад. Ҳукумати ҷумҳурӣ Вазорати энергетика ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро вазифадор намудааст, ки дар давоми солҳои 2009 – 2020 беш аз 60 нерӯгоҳи хурди барқиро дар ноҳияҳои кӯҳистон сохта ба истифода диҳанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






