5 МЛН. ЕВРО БАРОИ НЕРӮГОҲИ БАРҚИ ОБӢ

Май 25, 2010 09:51

Душанбе, 25 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои раиси дастгоҳи ноҳияи Мурғоб, Ҳукумати Олмон барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар ноҳияи Мурғоб 5 млн. евро ҷудо намудааст. Аини замон, ягона нерӯгоҳи барқи обӣ дар ноҳия 160 кВт нерӯи барқ истеҳсол  менамояд. Ба гуфти сармуҳандиси нерӯгоҳ, баробари аз нав таҷдид намудани нерӯгоҳи  амалкунанда иқтидори он ба 800 кВт расонида мешавад. Нерӯгоҳи нав дорои 2000 ҳазор кВт соат буда, дар паҳлӯи нерӯгоҳи пешина сохта мешавад. Сохтмони нерӯгоҳи нав аз моҳи сентябр оғоз мегардад, ки баробари сохта ба истифода додани  нерӯгоҳи нав ва таҷдиди нерӯгоҳи пешина  аҳолии ноҳия пурра бо барқ таъмин гардида, сӯзишвории маҳалӣ — тарсек, ки асосан маводи ғизоии ҳайвонот аст  сарфа карда мешавад. Нерӯгоҳи нав барои коркарди ашёи хоми саноатӣ — пӯсту пашм  мусоидат карда, барои рушди соҳибкорӣ имкониятҳои  фаровон  ба вуҷуд меорад.                                                                                                                                                   

Май 25, 2010 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!