6 МЛН. МУШТАРИЁНИ АЛОҚАИ МОБИЛӢ

Май 18, 2010 08:42

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Солҳои охир дар бозори хизматрасонии алоқа ҳиссаи алоқаи бесим назаррас гардид. Соҳаи алоқа яке аз соҳаҳои афзалиятнок дониста шуда, дар бозори хизматрасонӣ ба аҳолӣ нақши асосиро мебозад,- иброз доштанд дар Вазорати нақлиёт ва алоқа ба мухбири АМИТ «ҳовар». Дар баробари ин, бояд устуворӣ ва сифати фаъолияти шабакаҳои интиқоли барномаҳои миллиии радиову телевизион  ва алоқа дастрасии бемамониати аҳолии тамоми минтақаҳои кишвар ба хизматрасониҳои иттилоотии муосир таъмин карда шаванд,- гуфта шудааст дар  Паёми Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Имрӯз шумораи муштриёни алоқаи  мобилӣ ба 6 млн. ва истифодабарандагони интернет ба беш аз 500 ҳазор нафар расидааст. Даромади умумии солонаи ҳамаи операторони алоқаи барқӣ  1млрд. 400 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Май 18, 2010 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад