6 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ РАФЪИ ОФАТИ ТАБИӢ

Май 19, 2010 09:03

Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров, бар асари офати табиие, ки дар моҳи апрел ва майи соли 2010 дар шаҳру ноҳияи Панҷакент рух дод 5 хона пурра, 11 хона қисман нобуд ва ба 142 оила хисорот ворид кард. Аз ин офати табиӣ    8 км роҳи нақлиёт, 45 км хатҳои интиқоли барқ, 12 км хати алоқа, 4 км селпарто, 5 кӯпрук, 4 истгоҳи обкаш ва иншооти гидротехникӣ, 3,5 км лӯлаи обу ташноб, 380 метр лӯлаи интиқоли газ, 216 га майдони кишт, 323 чорвои хурду калон нобуд гашт. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аллакай хатҳои интиқоли барқ, алоқа, газ ва як қисми роҳҳо барқарор ва каналҳои «Марғедар»- у «Эшон» аз лою қум тоза карда шудаанд. Дар назар аст, ки сарбанди канали Тӯсанкорез то 25 –уми май барқарор гардонида  шавад. Хисороти аз офат расидаро мутахассисон 6 млн. сомонӣ муайян карданд, ки бартараф кардани онро бе кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ амри маҳол медонанд.

Май 19, 2010 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад