6 МЛН. СОМОНӢ БАРОИ РАФЪИ ОФАТИ ТАБИӢ
Душанбе, 19 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти раиси шаҳри Панҷакент Хусрав Абдуназаров, бар асари офати табиие, ки дар моҳи апрел ва майи соли 2010 дар шаҳру ноҳияи Панҷакент рух дод 5 хона пурра, 11 хона қисман нобуд ва ба 142 оила хисорот ворид кард. Аз ин офати табиӣ 8 км роҳи нақлиёт, 45 км хатҳои интиқоли барқ, 12 км хати алоқа, 4 км селпарто, 5 кӯпрук, 4 истгоҳи обкаш ва иншооти гидротехникӣ, 3,5 км лӯлаи обу ташноб, 380 метр лӯлаи интиқоли газ, 216 га майдони кишт, 323 чорвои хурду калон нобуд гашт. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, аллакай хатҳои интиқоли барқ, алоқа, газ ва як қисми роҳҳо барқарор ва каналҳои «Марғедар»- у «Эшон» аз лою қум тоза карда шудаанд. Дар назар аст, ки сарбанди канали Тӯсанкорез то 25 –уми май барқарор гардонида шавад. Хисороти аз офат расидаро мутахассисон 6 млн. сомонӣ муайян карданд, ки бартараф кардани онро бе кӯмаки Ҳукумати ҷумҳурӣ амри маҳол медонанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






