АМАЛИЁТИ «КӮКНОР» ДАВОМ ДОРАД
Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Кормандони раёсати назорати маводи нашъадори вилояти Суғд 25 май зимни аз назар гузаронидани хоҷагии «Ёва» -и колхози ба номи Ҷаббор Расулови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар масоҳати 0,40 гектар ва дар ҳудуди Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Чкалов дар масоҳати 0,50 гектар 9520 бех ниҳоли кӯкнори худрӯйро ошкор намуданд. Ҳамаи ниҳолҳо дар шоҳидии одамон канда ва оташ зада шуданд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки амалиёти «Кӯкнор» аз 1 май шурӯъ шуда буд ва то 30 ноябр давом мекунад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






