АЗ ӮЗБЕКИСТОН БА ТОҶИКИСТОН ВАГОНҲОИ АВВАЛИН ФИРИСТОДА ШУДАНД

Май 8, 2010 12:08

Душанбе,  8 май. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ). —  Шаби 8  май  аз қаламрави  Ӯзбекистон 34  вагони  аввалин  ба  ҳудуди  вилояти  Хатлон  ворид  гардид. Бо  ин  вагонҳо  ба  ин  ҷо  орд оварда шуд. Дар  ин  бора  муовини  сардори  Корхонаи  воҳиди давлатии  «Муассисаи  роҳи  оҳани   Тоҷикистон»  Усмон  Қаландаров   хабар  дод. Вай  зикр  кард, ки  баъди баста  шудани роҳҳои оҳан   дар байни  ҳар  ду  кишвар   ин  қатори  аввалини  роҳи оҳан  мебошад, ки  тавассути  Ӯзбекистон ба  Тоҷикистон  ворид  шуд. То  бегоҳӣ  бояд  қатори нави  роҳи  оҳан  бо  маводи  хӯрока,  аз  ҷумла  орд ба  Тоҷикистон  фиристода шавад.  Феълан,  роҳи оҳани  байни   истгоҳҳои  Амузанг  ва  Тирмиз  кушодааст ва  мо   кӯшиш  хоҳем  кард, ки  молҳои  барои иқтисодиёти  мамлакат  муҳимтаринро   қабул  кунем. Бояд  гуфт, ки  айни  ҳол дар  қаламрави  Ӯзбекистон 1086 вагони  барои Тоҷикистон пешбинишуда боздошта  шудааст. Аз  ин  ҷумла,  660   вагон  сӯзишворӣ  ва равғанҳои  молиданӣ, 228  вагон  ғалла  ва  орд,  78  вагон  гили  махсус  барои   корхонаи  алюминий,  44  вагон  семент, 71  вагон  битум ва 19  вагон  таҷҳизоти  гуногун  мебошанд. У.Қаландаров  зикр  кард,  ки  вагонҳои боркаши роҳи оҳан  дар  қаламрави  мамлакатҳои  дигар набояд  бештар  аз  ду  рӯз  нигоҳ  дошта  шаванд. Ҳол он  ки  аз  аввали  сол  ба  самти  вилояти  Хатлон  ҳамагӣ  734  вагон  фиристода шуд. Аз  16  марти  соли  2010  ба  ин  вилоят  ягон  вагон  ворид  нагардидааст.  Ба  самти  шаҳри  Душанбе  аз  аввали сол  ҳамагӣ 27  вагон  ворид  гардид. Аз  20  феврали  соли  2010  ба  пойтахти  мамлакат  ягон  вагон   фиристода нашудааст. Ҷониби  Ӯзбекистон  айни  ҳол бо  баҳонаҳои гуногун  вагонҳои боркаши  Тоҷикистонро  сар  намедиҳад. Аз  ҷумла,  баҳона  карда  мешавад, ки  дар  натиҷаи  боронҳои  шадид  қисмати  роҳи оҳани  байни  истгоҳҳои Амузанг ва  Тирмиз  хароб  гардидааст,  инчунин  миқдори  тепловозҳо ниҳоят  кам  буда,  захираи  мол  дар  ин  истгоҳҳо  аз  меъёр  хеле  зиёд  мебошад. Ҷониби  Тоҷикистон  борҳо  исбот  намуд, ки  ин  даъвоҳо  ягон  асоси  воқеӣ  надоранд.

Май 8, 2010 12:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!