АЗ ТАРСИ ВОЛИДАЙН ДАСТ БА ХУДКУШӢ ЗАД

Май 18, 2010 16:19

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 17 май дар ноҳияи Ҷиргатол далели худкушӣ ба қайд гирифта шуд. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, сокини деҳаи Ғаламаи ноҳияи мазкур шаҳрванд София Маҳкамбоеваи 21 — сола бо сабабҳои номаълум аз болои кӯпруки дарёи Сурхоб худро мепартояд. Ҷасади ӯ то ҳол дарёфт нашудааст. Кофтуков идома дорад ва сабаби худкушӣ муайян карда мешавад. Инчунин дар ноҳияи Ғончӣ як далели худкушӣ ба қайд гирифта шуд. Дар деҳаи Далёни – Болои ноҳияи мазкур ноболиғ Парвиз Рустамови 16 – сола даст ба худкушӣ мезанад. Ҳангоми тафтишот аз ҷониби кормандони бахши кофтукови ҷиноии ноҳияи Ғончӣ муайян карда шуд, ки П. Рустамов ҳангоми чарондани чорво яке аз онҳо аз баланди парида ба ҳалокат мерасад. Аз тарси волидайн дар анбори хонаи истиқоматиаш ба тариқи овехтан худро ба ҳалокат мерасонад. Тафтишот идома дорад.                                                                                                                                                  

Май 18, 2010 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд