БА КОДЕКСҲОИ МЕҲНАТ ВА ОИЛА ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД
Душанбе, 12 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Лоиҳаи қонунҳои конститутсионии Ҷумурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба «Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз масъалаҳое буданд, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, ки 11 май таҳти раёсати Раиси палатаи поёнии парлумони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, баррасӣ гардиданд. Зимни баррасии масъалаҳои зикршуда, раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон иброз доштанд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунанда, мутобиқ кунонидани банд ва моддаҳои алоҳидаи онҳо ба якдигар ва рафъи баъзе аз мухолифатҳое, ки дар қонунҳои алоҳида ба мушоҳида мерасанд, ба шумор меравад. Дар Шӯро ҳамчунин ҷараёни баргузории мулоқоту вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон дар саросари кишвар вобаста ба Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.








Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






