БА МУАЛЛИМОНИ ҶАВОН ЗАМИН МЕДИҲАНД
Қурғонтеппа, 24 май. (АМИТ «Ховар», Беков Юсуфбек)- Дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ба 16 нафар омӯзгорони ҷавон замин барои сохтмони хона ҷудо карда шуд. Мудири шӯъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Мирзо Мирзоев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, минбаъд ба омӯзгорони ниёзманд заминҳои наздиҳавлигӣ ҷудо намояд. М. Мирзоев афзуд, ки бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ 12 мактаби миёна бо шабакаи интенет пайваст шуда, дар 54-мактаби дигар ба нақша гирифта шудааст. Компютеркунонии мактабҳо то охири соли 2010 пурра таъмин карда мешавад.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






