БАДАХШОН ОБОД МЕШАВАД

Май 13, 2010 11:40

Хоруғ,  13 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). —  Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти  давлатии  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  ба  ҷашни  Ваҳдати  миллӣ  ҳамаҷониба  тайёрӣ  мебинанд. Барои  иҷрои нақшаҳои тайёрӣ ба  ҷашн   аз  ҳисоби  буҷети  маҳаллӣ  162  миллион  сомонӣ  ҷудо  карда  шуд. Мухбири  АМИТ «Ховар»  хабар  медиҳад, ки  ҳоло  дар   минтақаҳои гуногуни  вилоят  сохтмон  ва таъмири  262  бино  ва  иншоот  давом  дорад.  Аз  ҷумла  дар  ноҳияи  Рӯшон  ба  шарафи  ҷашн  47  муассиса,  дар  шаҳри  Хоруғ  44  муассиса,  дар  ноҳияи  Дарвоз  44  муассиса,  дар ноҳияҳои Роштқалъа  ва  Шуғнон  36 – тои  муассиса  ба  истифода  дода  хоҳад  шуд. Дар  сохтмони  ин  иншоотҳо  мутахассисони  хориҷӣ  низ  саҳм  мегузоранд.  Аз  ҷумла,   ширкати  сохтмонии «Мега группа» — и  шаҳри  Истамбули  Туркия  дар  ноҳияи  Дарвоз варзишгоҳ  бунёд  менамояд. Дар  доираи  тайёрӣ  ба  ҷашни  Ваҳдат  дар  шаҳри  Хоруғ  таъмири  бозори  марказӣ  оғоз  ёфт.  Тибқи  нақша   дар  ин  ҷо  танҳо   маводи  ғизоӣ  ва  маҳсулоти  кишоварзӣ  ба  фурӯш  бароварда  мешавад. Дар  бозори  мазкур   кушодани  100  дӯкон  ба  нақша  гирифта  шудааст. Муҳаррир Қудратов А.

Май 13, 2010 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!