БАРОИ ДОНИШҶЎЁНИ АЪЛОХОН ИДРОРПУЛИИ НОМӢ ҶОРӢ КАРДА МЕШАВАД

Май 26, 2010 10:40

Душанбе, 26 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-  Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзошоҳрух Асрорӣ бо устодону донишҷўёни Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода вохўрӣ баргузор кард. Мақсад аз ин вохўрӣ расонидани паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ буда, ҳангоми суханронии худ Вазири фарҳанг қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи минбаъдаи «Барномаи тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисоси соҳаи санъат» ва як қатор барномаҳои дигар барои рушди муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳанг имкониятҳои самарабахш дода истодааанд. «Аз ҷумла ҳоло дар ҷумҳуриамон 94 муассисаи таълимии соҳаи фарҳанг ва санъат амал мекунад, ки дар онҳо ҳудуди 14 ҳазор донишҷў ва хонанда таҳсил намуда, ба онҳо 2,5 ҳазор устодони варзида таълим медиҳанд»,-қайд намуд М. Асрорӣ. Ҳамчунин дар доираи вохўрӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ аз корҳои курсии донишҷўёни факултаи театрӣ-бадеӣ, ки аз ҳунари рассомӣ, дузандагӣ, ҳайкалтарошӣ иборат буд, дидан кард. Донишҷўён вобаста ба таъмин намудани китобҳои тозанашр, бо компютер  ва идрорпулии донишҷўён  саволу ҷавоб намуданд. Дар навбати худ Вазири фарҳанг ваъда дод, ки оянда идрорпулии номии Вазорати фарҳанг барои донишҷўёни аълохон ҷорӣ карда хоҳад шуд. Дар охир консерти ҳисоботии донишҷўёни донишкадаи мазкур баргузор гардид, ки пурра аз суруду таронаҳои тозаэҷод иборат буд.      

Май 26, 2010 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд