БЕМОРИИ БАЧАГОНИ ТОҶИК ТАСДИҚ НАШУД
Маскав, 26 май. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ). — Тавре муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ташхиси хуни 5 нафар бачагони аз Тоҷикистон ба Русия омада, нишон дод, ки онҳо ба бемории фалаҷи ҳароммағз гирифтор нашудаанд. А.Мирзоев таъкид кард, ки айни ҳол паҳн гардидани бемории фалаҷи ҳароммағз дар Тоҷикистон комилан маҳдуд гардидааст ва таҳти назорати қатъии духтурон қарор дорад. Гуфтан мумкин аст, ки баъди ба охир расидани даври сеюми дорудиҳӣ ба бачагон, паҳншавии беморӣ коҳиш хоҳад ёфт. Бо ташаббуси Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ то охири моҳи май ба Тоҷикистон миқдори иловагии дору оварда мешавад. Доруи мазкур дар ду давра ба бачагони то 15 — сола дода хоҳад шуд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






