БМИМТ НИШОНДОДҲОИ ПАЁМРО АМАЛӢ МЕКУНАД

Май 14, 2010 16:52

Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни ҳамаи қишрҳои аҳолӣ мавриди ҳамовозӣ ва ҷонибдорӣ қарор гирифта, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ба хубӣ дарк намудаанд, ки ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат, қабл аз ҳама, фароҳам сохтани имконоти мусоид барои зиндагии арзанда ва дар ин замина, боло бурдани сатҳи иқтисоди миллӣ ва нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст. Ҷиҳати то кадом андоза мавриди амал қарор гирифтани дастури супоришҳои дар Паём ироа шуда мухбири АМИТ «Ховар» бо директори иҷроияи Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон Саидаҳмад Мирзоев ҳамсӯҳбат шуд. Мӯҳтарам Саидаҳмад Қудратович, дастуру нишондодҳои Паёми Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба соҳаи Шумо чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва амалишавии онҳо чӣ натиҷа ба бор хоҳад овард? Дар мавриди дастуру нишондодҳои Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 24 апрел қайд карданд, гуфтаниам, ки дар паёми Сарвари давлат нуқтаҳое ҷой дорад, ки кору фаъолияти Бунёди миллӣ ба он вобаста аст. Чуноне, ки иттилоъ доред, Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) аз соли 1997 инҷониб фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти худ як зумра барномаҳоро дар доираи ҳамкориҳои молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ва дигар мамолики дунё татбиқ намуд ва бархе аз онро амалӣ карда истодааст. Дар баъзе ноҳияҳои фарогири барнома деҳаҳои дурдасте ҳаст, ки бо сабаби набудани роҳ инфраструктураҳои он ё корношоям, ё умуман фаъолият намекунанд. Дар мавзеъҳои дурдасте, ки роҳи дуруст надоранд, мактаббачаҳо зиёда аз 6-7 км. роҳро тай намуда, ба мактаб мераванд, ё мардум барои ба духтур муроҷиат кардан ба маркази ноҳия меоянд. Ин гуна мавзеъҳо барои татбиқи лоиҳаҳо, хусусан нақлу ҳамли масолеҳи сохтмонӣ мушкилии зиёд пеш меорад. Мутахассисони мо барои дастрас намудани масолеҳи сохтмонӣ ё таҷҳизот ба ҷои сохтмон роҳҳоеро ҷустуҷў мекунанд, ки мардум аз манфиати барнома бебаҳра намонанд. Ин барномаҳо ба дастгирии ҷамоаҳои камбизоат ҷиҳати расондани кўмаки молиявӣ, техникӣ, консултативӣ ва омўзишӣ дар ҳалли якҷояи мушкилиҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити зисти мардуми камбизоат, бо роҳи дастрас намудани инфраструктураҳои иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ равона шудааст. Бояд зикр намуд, ки дар доираи татбиқи ду лоиҳаи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағҳои қарзии Бонки Ҷаҳонӣ, гранти Вазорати рушди байналхалқии Бритониёи Кабир (DFID) ва саҳми худи сокинони ҷамоаҳо маблағгузорӣ шуд, зиёда аз 600 лоиҳа барои рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини обу барқ ва газ, рушди соҳаҳои чорводорию занбўрпарварӣ, бунёди роҳу пулҳо ва ғайраҳо татбиқ карда шуд.   Дар айни замон, БМИМТ дар доираи ҳамкориҳои молиявии миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Федеролии Олмон барномаи “Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ”-ро татбиқ намуда истодааст ва дар марҳилаи аввали ин барнома 29 лоиҳа (аз ин 22-тоаш сохтмони мактаби нав) татбиқ гардид, ки дар маҷмўъ барои хонандагон 4250 ҷои нишаст бунёд карда шуд. Дар охири моҳи августи соли 2009 марҳилаи аввали ин барнома ҷамъбаст карда шуд ва аз ҳисоби татбиқи 29 лоиҳа 242 нафар бо ҷои кори доимӣ ва 629 нафар бо ҷои кори муваққатӣ таъмин гардиданд. Аз моҳи сентябр марҳилаи 2-юми ҳамин барнома оғоз ёфт, ки дар доираи он татбиқи 38 лоиҳа пешбинӣ шудааст ва ҳамаи он сохтмони биноҳои нави таълимӣ мебошанд. Ин барнома аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки олмонии рушд маблағгузорӣ шуда, дар натиҷаи амалӣ гардидани он 13.344 ҷои нишаст дар ду баст барои хонандагон муҳайё мегардад. Ғайр аз ин, ҳамаи мактабҳои сохташаванда бо мебелу таҷҳизот ва дигар асбобу воситаҳои аёнӣ низ таъмин мегарданд. Нақшаи кории соли гузашта вобаста ба дастуру супоришҳо аз Паёми Сарвари давлат ба МО ҶТ аз соли 2009 чӣ гуна амалӣ шуд? Мавриди тазаккур аст, ки Ҷаноби Олӣ дар паёми соли гузашта ва ҳам имсола оид ба таъмини амнияти энергетикӣ ва паст кардани сатҳи вобастагии кишвар аз воридоти сўзишворӣ сарфаю сариштакорӣ, ки аз захираҳои муҳими стратегӣ ба шумор мераванд, ёдовар шуданд ва махсус қайд намуданд, ки хароҷоти барқро барои коркарди маҳсулоти дохилии мамлакат ҳар сол то 3-4 фоиз  кам намоем. Албатта ин нукта на танҳо ба истеҳсолот, балки ба ҳама соҳаҳо низ дахл дорад ва мо бояд дар кори худ аз технологияи муосир истифода намоем. Бунёди миллӣ ин дастуру нишондодҳоро сармашқи кори худ карда, дар тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳаҳо мавриди иҷроиш қарор додааст. Дар марҳилаи аввали барнома, ки 29 лоиҳа татбиқ гаштааст (24-тоаш ба соҳаи маориф, 3-то ба соҳаи тандурустӣ ва 2-то ба соҳаи энергетика тааллуқ дорад), дар 19-тои он (18 бинои таълимии нав ва 1 маркази саломатӣ) ба ҷои лампаҳои тафсон лампаҳои каммасраф истифода бурда шуд. Ин чӣ натиҷа медиҳад, маълум аст. Барои мисол, агар пеш, барои як мактаби 8-синфхона барои истифодаи лампаҳои тафсон 19 кВт/соат пешбинӣ шуда бошад, ҳамин гуна мактаб бо лампаҳои каммасраф 5,8 кВт/соат пешбинӣ шудааст, яъне қувваи барқ се маротиба кам истифода мегардад. Дар мактабҳое, ки ҳолатҳои набудани барқ бисёртар ба назар мерасад, БМИМТ аз рўи имкониятҳои худ таъмини генераторҳои дизелиро низ (вобаста ба адади синфхонаҳо) пешбинӣ кардааст. Соли 2009 ду мактаб бо генераторҳои дизелӣ таъмин карда шуд. Оё имсол дар соҳаи Шумо силсилаи навовариҳо, лоиҳаҳои нав, тағйироти назарраси истеҳсолӣ ва нақшаҳои бузурги дорои аҳамияти миллӣ дар назар аст? Яке аз самтҳои дигаре, ки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ қайд карданд, ин сиёсати навсозӣ, андешидани чорабиниҳои навоварӣ (инноватсионӣ) мебошад, ки ба бахши иқтисод тааллуқ дорад. Вобаста ба ин, як чизро қайд карданиам, ки БМИМТ барои ворид намудани технологияи пешрафтаи муосир бо чанде аз ташкилотҳои байналхалқӣ, аз ҷумла бо Хадамоти олмонии рушд (DED) ҳамкорӣ мекунад. Аз рўи нақшаи пешбинишуда, БМИМТ якҷоя бо ин ташкилот, истифодаи нерўи табиатро барои истеҳсоли алтернативии қувваи барқ ва гармидиҳӣ дар лоиҳаҳои худ таҷриба мекунад. Ҳангоми таҳияи марҳилаи дуюм, мо тасмим гирифтем, ки дар як ё ду лоиҳаи марҳилаи дуюми барнома, дар мактабҳои нав сохташаванда, дар якҷоягӣ бо мутахассисони ин ташкилот шабакаи гармидиҳии мактабро ба шабакаи энергетикӣ иваз намуда, ба ҷои он таҷҳизоти геотермикӣ, ё фотогалванӣ, ё офтобиро истифода барем. Дар сурати комёб шудан ба натиҷаҳои самарабахш, БМИМТ ин таҷрибаро дар лоиҳаҳои дигар низ ҷорӣ мекунад. Ғайр аз ин, дар хусуси навоварию ворид намудани тағйиротҳо дар лоиҳаҳои барнома, қайд карданиам, ки бо тақозои меъёрҳою қоидаҳои сохтмонии нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Агентии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳангоми тарҳрезии лоиҳаҳои биноҳои мактабӣ дар андозаи синфхонаҳо тағйиротҳо ворид карда шуд. Тибқи меъёрҳои пештараи сохтмонӣ масоҳати синфхонаҳо барои 24 нафар хонанда аз 37 м² то 42 м²-ро ташкил медод, акнун мувофиқи меъёру қоидаҳои нав барои ҳар як хонанда ба андозаи 2,5 м² масоҳат пешбинӣ шудааст, ки дар маҷмўъ масоҳати синфхонаҳо 60 м²-ро ташкил медиҳад.          

Май 14, 2010 16:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст