«БОФАНДАИ НОРАК» ДАР РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ФАЪОЛИЯТ ШУРӮЪ МЕНАМОЯД
Душанбе, 13 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар рӯзи ҷашни 19-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон -9 сентябр дар шаҳри Норак корхонаи муштараки ресандагию бофандагӣ ва дӯзандагии «Бофандаи Норак» ба истифода дода мешавад. Корхонаи мазкур аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Тоҷик» бунёд шуда истодааст. Аз ҷамъияти мазкур ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки бо истифода додани корхонаи саноатии мазкур 400 ҷойи кори доимӣ ташкил карда шуда, дар он ресандагону бофандагон ва чеварон дар се баст кор хоҳанд кард. Иқтидори истеҳсолии корхона коркарди пурраи 1200 тонна нахи пахта дар як сол аст. Барои сохтмони корхонаи «Бофандаи Норак» ҶДММ «ИИ нассоҷии Тоҷик» 2 миллиону 355 ҳазор сомонӣ сармоягузорӣ кардааст, ки ба маблағи беш аз 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ дастгоҳу таҷҳизоти муосир харидорӣ шудааст.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






