БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД

Май 17, 2010 17:39

Душанбе,  17 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс  Таваров). —  Раиси Бонки рушди  исломӣ,  доктор Аҳмад  Муҳаммад Алӣ  имрӯз  баъди  мулоқоташ  бо  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  журналистон сӯҳбати  мухтасар  анҷом  дод. Вай  зикр  кард,  ки  Тоҷикистон  ва  Бонки  рушди исломӣ имрӯз  дар  соҳаҳои гуногун самарабахш  ҳамкорӣ  мекунанд.     Раиси  Бонк  зикр  кард,  ки  ҳамроҳи  Президент  масъалаҳои  ҳамкориро  дар  соҳаҳои  тандурустӣ,  маориф,  иқтисодиёт,  сохтмони роҳҳо  ва  ғайра  муҳокима  кардааст.  Ҳар  ду  ҷониб  масъалаи  иштироки  Бонки  рушди  исломиро   дар  бартараф  сохтани  оқибатҳои   фалокати табиии   чанд  рӯз  пеш  дар  қисмати  ҷанубии  Тоҷикистон  рухдода  низ  баррасӣ  намуданд.   Қайд  карда шуд, ки гурӯҳи  мутахассисони  Бонк  рӯзҳои наздик  ба  маҳалли  фалокат  фиристода  мешаванд. Бонки  рушди  исломӣ  тайёр  аст,   барои бартараф  сохтани оқибати  фалокат ба  Тоҷикистон  кӯмак  расонад. Ҳамчунин   масъалаҳои  сохтмони  роҳҳои  мошингард  дар  байни  Тоҷикистон  ва  мамлакатҳои  ҳамсоя,  кашидани  хати  интиқоли  барқ  дар  байни Тоҷикистону  Афғонистон  ва  Покистон,   сохтмони   роҳи  оҳан  дар  байни  Тоҷикистону  Афғонистон  ва  Туркманистон  мавриди  баррасӣ  қарор  гирифтанд. Доктор  Аҳмад  Муҳаммад Алӣ  дар  фарҷоми  сӯҳбаташ  бо  журналистон  ба  Президент  ва  ҳукумати  Тоҷикистон  барои ташкили  иҷлосияи  навбатии   вазирони   корҳои  хориҷии  мамлакатҳои  аъзои  Созмони  конфронси  исломӣ  изҳори  сипос   намуд.

Май 17, 2010 17:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад