БОНКИ РУШДИ ИСЛОМӢ БА ТОҶИКИСТОН КӮМАК МЕРАСОНАД
Душанбе, 17 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров). — Раиси Бонки рушди исломӣ, доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ имрӯз баъди мулоқоташ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо журналистон сӯҳбати мухтасар анҷом дод. Вай зикр кард, ки Тоҷикистон ва Бонки рушди исломӣ имрӯз дар соҳаҳои гуногун самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Раиси Бонк зикр кард, ки ҳамроҳи Президент масъалаҳои ҳамкориро дар соҳаҳои тандурустӣ, маориф, иқтисодиёт, сохтмони роҳҳо ва ғайра муҳокима кардааст. Ҳар ду ҷониб масъалаи иштироки Бонки рушди исломиро дар бартараф сохтани оқибатҳои фалокати табиии чанд рӯз пеш дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон рухдода низ баррасӣ намуданд. Қайд карда шуд, ки гурӯҳи мутахассисони Бонк рӯзҳои наздик ба маҳалли фалокат фиристода мешаванд. Бонки рушди исломӣ тайёр аст, барои бартараф сохтани оқибати фалокат ба Тоҷикистон кӯмак расонад. Ҳамчунин масъалаҳои сохтмони роҳҳои мошингард дар байни Тоҷикистон ва мамлакатҳои ҳамсоя, кашидани хати интиқоли барқ дар байни Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон, сохтмони роҳи оҳан дар байни Тоҷикистону Афғонистон ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ дар фарҷоми сӯҳбаташ бо журналистон ба Президент ва ҳукумати Тоҷикистон барои ташкили иҷлосияи навбатии вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои Созмони конфронси исломӣ изҳори сипос намуд.








ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид






