БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ БОҒИ БОТАНИКИ ПОЙТАХТ

Май 19, 2010 07:31

18 майи соли 2010 бегоҳии рўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамроҳии роҳбарони ҳайатҳои давлатҳо, созмонҳо ва меҳмонони  сершумори иштирокдори Иҷлосияи 37 – уми Шўрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ ба боғи Ботаники пойтахт ташриф оварда, бо намоиши бошукўҳи осори фарҳангию таърихии тоҷикон ва маҳсули ҳунарҳои овозадори мардумӣ аз наздик шинос шуданд. Дар ин ҷо китобҳои сершумори тозанашр, осори бостонии хаттӣ, аз ҷумла дастхатҳои нодири илму фарҳанги исломӣ, намунаҳои сарватҳои пурғановати табиии Тоҷикистон, чун сангҳою дигар маъданҳои қиматбаҳои кўҳӣ, анвои гуногуни маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, аз зумраи заргарӣ, чўбтарошӣ, кандакории болои чўб, санг ва гач, оҳангарӣ, гулдўзию зардўзӣ ба маъраз гузошта шуда буд. Ҳунармандони сершумори мардумӣ бо рақсу суруд ва дилхушиҳои ҷаззоб табъи меҳмонони олимақомро баъди рўзи тўлонии корӣ болида сохтанд. Таваҷҷўҳи зиёди меҳмонон ба анвои зиёди меваю сабзавоти тару тоза, нону чапотӣ,  хўришҳои лазизи мардумӣ ва хусусан ба асал ва меваи хушки Тоҷикистон, аз қабили мағзу мавиз ва зардолуи хушк ҷалб гардид. Бо ин намоиши мардумӣ тамоми зебоию тароват ва сарватҳои нотакрору пурғановати табиати Тоҷикистон ва ҳунарҳои волои миллати сарфарози тоҷик манзури меҳмонон гардид. Ба гуфти меҳмонони сершумор, имрўз дар воқеъ биҳишти рўйи замин будани Тоҷикистон дар чашми онҳо аён шуд. Месазад таъкид намуд, ки зимни форуми соҳибкорони сершумори кишварҳои мусулмонӣ ва ҳам дар рўзҳои баргузории ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии  давлатҳои аъзои Созмони Конфронси Исломӣ аллакай қарордоду тавофуқоти зиёди тиҷоратӣ, аз ҷумла оид ба содироти асали кўҳӣ ва меваи хушки Тоҷикистон ба ин кишварҳо ҳосил шудаанд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.    

Май 19, 2010 07:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокини ноҳияи Кӯшониён аз ҳар қуттӣ кирмак то 35 килограмм пилла ба даст меорад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!