ЧАРО МАҲСУЛОТИ ИСТЕҲСОЛИ НОБИНОЁНРО НАМЕХАРАНД?
Душанбе, 24 май. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). – Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 10 ҳазор нобиноён ва шахсони дорои касалиҳои чашм ба қайд гирифта шудааст, ки дар қатори бекорӣ бештари нобиноёни синни мактабӣ ба таълим фаро гирифта нашудаанд. Ягона манбаи даромади нобиноён нафақаи эшон аст. Тавре дар сӯҳбат бо мухбири АМИТ «Ховар» раиси Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ Турабек Давлатов гуфт:-«Дар анборҳои корхонаҳои истеҳсолии Ҷамъияти нобиноёни ҷумҳурӣ ба маблағи 200 ҳазор сомонӣ маҳсулот ҷамъ гаштааст, ки ин боиси афзоиши бекорӣ дар байни нобиноён гаштааст. Дар 14 корхонаи истеҳсолие, ки ба Ҷамъият тааллуқ доранд, мувофиқи ҳисобот 641 нафар нобиноён кор мекунанд, дар асл бошад, теъдоди онҳо аз 100 нафар беш нест». Т. Давлатов афзуд, ки дар шаҳри Душанбе ҳамагӣ 6 нафар фаъолият дошта, корхонаи ҷамъияти нобиноёни шаҳри Кӯлоб ба иҷора дода шудааст ва нобиноён пурра бекор мондаанд. Вазъият дар шаҳри Қӯрғонтеппа, Истаравшан, Хуҷанд низ бад буда, дар онҳо аз 6 то 20 нафари нобиноён ба кор машғуланду халос. «Сабаби асосии бекор мондани корхонаҳои мо аз фарсуда шудани технология, бозори моро фаро гирифтани молҳои истеҳсоли хитоии арзон буда, инчунин андози суғуртаи иҷтимоии 25% имкони рушд кардани корхонаҳои мазкурро маҳдуд кардааст», — гуфт Раиси ҷамъияти нобиноён. Ёдовар мешавем, ки аз рӯи маълумоти оморӣ маоши миёнаи нобиноёни номнависшуда дар ҷумҳурӣ 35 сомониро ташкил медиҳад.








Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






