ДАР ФАРХОР ҶАМЪОВАРИИ ҲАҚҚИ БАРҚ МУШКИЛ АСТ

Май 24, 2010 11:20

Фархор, 24 май. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Бино бар  бар иттилои  сардори  фуруши  барқи  ноҳияи  Фархор   Маҳмадалӣ  Камолов  ҷамъоварии  ҳаққи  барқ дар ноҳия моҳ ба моҳ мушкил гардида, боиси иҷро нагардидани нақшаи ҷамъоварии барқ мегардад.  Ба  гуфтаи  ӯ  қарзи  умумии  барқ  то  ин  ҷониб  ба  4 млн. 205 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин  шумора  нисбат  ба  ҳамин давраи соли гузашта зиёд мебошад. М. Камолов афзуд, қарзҳои аз ҳама бештар идораи насосҳои обёрии мошинӣ 2 млн. 712 ҳазор сомонӣ, аҳоли 1 млн. 192 ҳазор сомонӣ, заводи пахтаи «Некрӯз» 5 ҳазор сомонӣ, «Мухтор — С » 35 ҳазор сомонӣ, хоҷагии зотпарварии «Ҳисор» 19 ҳазору 389 сомонӣ,  идораи оби нушокӣ 49 ҳазору 085 сомонӣ ба ҳисоб рафта аз бемасъулиятии роҳбарони ташкилоту идораҳои зикргардида то инҷониб  қарзи  барқ  боқӣ  мондааст.  Маҳмадали Камолов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки баъди ҳалномаи суди иқтисодӣ, ки  маблағи  2 млн. 500 ҳазор  сомониро дар бар мегирад мутаасифона аз тарафи  ташкилоту муассиса ва аҳоли то ин ҷониб ҳалу фасли худро  наёфтааст.  

Май 24, 2010 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад