ДАР ХУҶАНД ФЕСТИВАЛИ ҶУМҲУРИЯВИИ ТЕАТРҲОИ КАСБӢ ДОИР МЕГАРДАД

Май 12, 2010 13:31

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Аз 17 то 20 май дар Кохи фарҳангии ба номи Абуабдулло Рўдакии шаҳри Хуҷанд фестивали ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ баргузор мегардад. Ҷашнвораи мазкур бо ҳунарнамоии ансамблҳои асбобҳои миллии «Дилнавоз» ва дуторчиҳо оғоз ёфта, рӯзи аввал намоишномаҳои худро Театри давлатии академикии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ бо спектакли «Ориёӣ», (асари С.Аюбӣ), Театри давлатии Ҷавонони ба номи М.Воҳидов «Аскарони қаторӣ»(асари А.Дударев) ва Театри давлатии драмаи русии ба номи В.Маяковский бо спектакли «Маро тарк макун» (асари А.Дударев) пешкаши тамошобинон менамоянд.        Рўзҳои 18-20 май дар назди ҳозирин Театри давлатии лўхтаки шаҳри Душанбе, Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара, Театри мусиқӣ-мазхакавии ба номи А.Мухамадчонови шахри Қурғонтеппа, Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С.Вализодаи шаҳри Кўлоб, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва дигаро театрҳои  шаҳриву ноҳиявӣ ҳунари худро нишон медиҳанд. Ҳамчунин дар доираи фестивал, меҳмонон ва иштирокчиёни фестивалро бо барномаи зебову рангини худ ансамбли Шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», театр-студияи «Хандинкамон», ансамбли созиву овозии  «Садои Суғд», ансамбли фолклорию этнографии «Фалак», ансамбли рақсии «Чаманоро», дастаи дойрадастони вилоят, дипломанти озмуни баёналхалқӣ дар Италия Шоҳрух Юнусов ва дигарон шод хоҳанл гардонд. Дар ҷамьбасти фестивал ба ҳамаи иштирокчиён тўҳфаҳои хотиравӣ супорида мешавад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар»  аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанг хабар доданд.   

Май 12, 2010 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд