ДАР КӮЛОБ 10 НАФАР БЕНОМУНИШОН ГАШТААСТ
Душанбе, 7 май. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва омадани сел 10 нафар беномунишон гаштааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» роҳбари маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дӯстмурод Забиров аз ҷойи ҳодиса иттилоъ дод. Ӯ афзуд, ки айни ҳол аҳолии минтақаҳои зарирдида ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуда, корҳои наҷотдиҳӣ ва барқароркунӣ идома дорад. Дар баробари гурӯҳҳои наҷотдиҳии Тоҷикистон, Пойгоҳи ҳарбии 201-и Русия дар Тоҷикистон низ ба зарардидагон кӯмак мерасонад.