ДАР КӮЛОБ КӢ ХОНА МЕСОЗАД?
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар»). — Роҳбарони баъзе вазорату идораҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, инчунин тоҷирону соҳибкорони ҷумҳурӣ дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати ҷумҳурӣ ваъда доданд, ки барои аҳолии аз боришҳои тӯлонӣ зарардида ва бесарпаноҳ мондаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои дигари вилояти Хатлон хона месозанд. Аз ҷумла, шаҳри Душанбе барои зарардидагон сад хона, вилояти Суғд 40 хона, муассисаи «Роҳи оҳани Тоҷикистон» 20 хона, корхонаи алюминии Тоҷикистон 50 хона, бонкҳои мамлакат 60 хона, соҳибкорону тоҷирони ноҳияи Ҳисор 20 хона, шаҳри Турсунзода, ноҳияҳои Ваҳдат, Рӯдакӣ, фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе ҳар кадоме 10 хонагӣ хоҳанд сохт. Соҳибкор Зайд Саидов ваъда дод, ки барои бесарпаноҳон 10 манзили истиқоматӣ бунёд месозад. Дар сохтани биноҳо барои зарардидагон ширкатҳои телефонии мобилӣ, ширкати «Хима», ширкати «Ёқут», ширкати «Мовароуннаҳр» саҳм мегузоранд. Роҳбарону намояндагони ин корхонаҳо ваъда доданд, ки барои зарардидагон 5 хонагӣ сохта ба истифода медиҳанд. Ширкати ҳавонавардии «Тоҷик Эйр», «Тоҷикматлубот», Кумитаи телевизион ва радио, Агентии назорати молиявии давлатӣ ва мубориза ба муқобили ришвахӯрӣ, прокуратураи генералӣ, ширкати «Сим – Сим» ва ғайра низ барои зарардидагон биноҳои истиқоматӣ месозанд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






