ДАР РОШТҚАЛЪА НАМОИШИ ҶАВОНОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Хоруғ, 21 май. (АМИТ «Ховар», Л. Додо). – Дар доираи «Ҳафтаи ҷавонон» дар маркази ҷамоати Тавдеми ноҳияи Роштқалъа таҳти унвони «Чун мо бизиед» намоиши ҷавонон баргузор гашт. Дар сӯҳбат ба мухбири АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҷавонон, туризм ва саёҳии нохияи Роштқалъа Зӯҳро Муллоҳикматова иброз дошт, ки ҷавонони дигар ноҳияҳо бояд чун ҷавонони ноҳияи мо дар ҳама кор фаъол бошанд. Ба ҷои инстеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ ва маводи мухадир, бисёр нағз мешуд ба варзиш рӯ меоварданд, чунки ояндаи давлати соҳибистиқоли мо ҳамин ҷавон ҳастанд. Бояд гуфт, ки дар ҷамъомади тантанавӣ хамчунин, мусобиқаи волейбол, шоҳмот, тенисӣ рӯи мизӣ ва гӯштингирӣ баргузор гардид. Ғолибони мусобиқа аз чониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳӣ бо тӯҳфаҳо қарддонӣ гардиданд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






