ДАР ТОҶИКИСТОН ТРАКТОРҲОИ АВРУПОӢ МЕОРАНД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Дирӯз дар вазорати кишоварзии Тоҷикистон вохӯрии вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов бо намояндагони ширкати «Fiat-Group» дар ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Бизнес мененжери «Fiat-Group» Огуз Куран оид ба фаъолияти ин ширкат, ки асосан ба истеҳсоли техникаи кишоварзӣ махсусан трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳои кишоварзӣ машғул аст, маълумот дод. Ширкати мазкур дорои 40 заводи истеҳсоли техникаи кишоварзӣ буда, дар 160 давлати ҷаҳон фаъолият менамояд. Дар Федератсияи Руссия низ ширкати мазкур дар ҳамкорӣ бо заводи КАМАЗ истеҳсол карда мешавад. Ширкат омода аст, ки дар дигар давлатҳои ҷаҳон маҳсулотҳояшро ба фурӯш барорад. Дар раванди вохӯрӣ вазири кишоварзӣ иброз дошт, ки бинобар сабаби нархи гарон доштани трактор, комбайн ва дигар мошинолотҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ имкони харидорӣ надоранд, бинобарин таъсис додани Марказҳои хаизматрасонии техникаи кишоварзӣ дар ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маврид мебошад, то ки деҳқон аз сифати хуб ва кафолати камхарҷии ин тракторҳо бохабар шавад. Намояндагони ширкат таклифи вазирро хуб пазируфта, пешниҳод намуданд, ки ба наздикӣ намояндагии ширкат намоишгоҳи техника ва технологияи ширкати мазкурро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамоянд.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






