ДАСТГИРИИ ВАЗОРАТИ КИШОВАРЗӢ АЗ ОСЕБДИДАГОНИ КУЛОБ

Май 12, 2010 11:18

Душанбе, 12 май. (АМИТ «Ховар», Фирдавс Таваров) — Субҳи имрӯз дар Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони зерсохторҳои вазорат ҷаласаи назди вазири кишоварзӣ  оид ба бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табии дар вилояти Хатлон баргузор гардид. Вазири кишоварзӣ Қосим Қосимов таъкид намуд, ки боришоти  боронҳои сели рӯзҳои 5 -7 май  ба  иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҳисороти калон ворид намуд. Аз   таъсири  боронҳои пай дар пай, селу жола   дар  минтақаи Кулоби вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Ғончӣ ва Панҷакенти вилояти Суғд бештар  зарар диданд.  Ҳамзамон 12 шаҳру ноҳияҳои мамлакат, бахусус минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон зарари калони моддӣ расид ва мутаассифона, офати табиӣ боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид.  Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ ҶТ хабар доданд.  Тибқи маълумотҳои фаврии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва Сарраёсати  кишоварзии  вилояти Хатлон аз офатҳои табии рӯзҳои 5-6 ва 7 маи соли 2010 майдони 5738 заминҳои кишт,  аз ҷумла 2924,9 гектар кишти пахта, 2547 гектар  ғалладонагиҳо, 64 гектар картошка, 230 гектар сабзавот, 44 гектар полезиҳо, 209 гектар зироатҳои хӯроки чорво ва зиёда аз 700 гектар боғу токзор зарар дидааст. Ҳамзамон  дар маҷмӯъ 1496 сар чорво, 35 оила занбӯри асал, 756 қуттии пилла  талаф ёфтааст. Аз таъсири офатҳои табиӣ бештар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Восеъ, Мӯъминобод, Шурообод, Ҳамадонӣ, Қубодиён ва Ҷиликӯли вилояти Хатлон зарари ҷиддӣ диданд. То санаи 11.05.2010  аз майдони 2924,9 гектар замини кишти пахта  55 гектари он барқарор карда шудааст.      Президенти мамлакат, Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ ва муҳайё намудани шароити зист барои аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлоб, дигар ноҳияҳои ин минтақа ва шаҳри Панҷакенту ноҳияи Ғончии вилояти Суғд дар назди вазорату идораҳои марбута ва дигар сохторҳои давлатии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд ва онҳоро  вазифадор намуданд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони ҳадди ақал як бинои  истиқоматиро дар маҳалли офатзада  бар ӯҳда гиранд.  Иштирокчиёни ҷаласа ин иқдоми Президенти кишварамонро пурра дастгирӣ намуданд. Роҳбарияти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншо Шотемур, Хадамоти назорати давлатии бойторӣ, Хадамоти назорати давлатии фитосанитарӣ, КВД «Тоҷикагролизинг», Бозрасии давлатии назорати техникии кишоварзӣ, КВД «Деҳқоншифо» ва дастгоҳи марказии Вазорат аз ҳисоби маблағҳои худӣ сохтмони 3 хонаи истиқоматиро бо кулли таҷҳизоташ ба ӯҳда гирифтанд. Ҳамзамон сохторҳои раёсатҳои кишоварзии дар вилояти Хатлон ҷойдошта вазифадор карда шуданд, ки бо кӯмаку дастгирии вазорати кишоварзӣ дар муддати кӯтоҳтарин зарари офатҳои табииро бартараф намуда, дар заминҳое, ки аз сангу лойқа тоза карда мешаванд, кишти ҷуворимакка, сабзавот ва дигар зироатҳои полезиро,  ки ба шароити минтақа мувофиқ аст, таъмин намояд. Дар  заминҳое, ки кишти пахта осеб дидааст, навъҳои  тухми тезраси пахта кишт карда мешавад. Қисме аз заминҳои осебдида, махсусан дар ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус аллакай аз нав кишт карда шуда, корҳои барқарорсозӣ дар дигар минтақаҳо идома дорад.        

Май 12, 2010 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд