ДАВРИ ДУЮМИ ЭМКУНӢ БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ФАЛАҶ

Май 18, 2010 18:24

Душанбе, 18 май. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). — Барои пешгирии хуруҷи бемории фалаҷ эм кардани тамоми кўдакони то 6 сола дар тамоми давраҳо хеле зарур аст. Имрўз дар сар то сари Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми маъракаи эмкунии кўдакон бар зидди бемории фалаҷ оғоз мешавад. Дарви сеюми ин маърака аз 1 то 5 июни соли 2010 гузаронида мешавад. Натиҷаҳои даври аввали эмкунӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 1.1 млн ва ё худ  99,6  фоиз  кўдакони то шаш сола эм карда шудаанд. «Бо роҳи дуруст таъмин намудани эмгузаронӣ барои кўдакони синнашон то 6 сола бо мақсади ба таври муназзам ба роҳ мондани ин раванд вазифаи касбӣ ва масъулияти ахлоқии тамоми кормандони тиб мебошад», —  гуфт вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов. — Ҳар як кўдаки эмнакарда метавонад тамоми кушишҳои моро дар ин самт барбод дода, ба мушкилиҳои изофагӣ оварда расонад». Вазорати тандурустӣ дар якҷоягӣ бо шарикони байнамилалӣ эволютсияи бемории фалаҷро дар Тоҷикистон назорат ва таҳқиқ карда истодаанд. «Гирифтани ҳар як қатраи ваксина фоиданок аст», – илова намуд намояндаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар Тоҷикистон Сантино Северонӣ.  -Гирифтани миқдори иловагии ваксина иммунитети кўдаконро бар зидди бемории фалаҷ мустаҳкам мекунад. Ваксинаи зидди бемории фалаҷ безарар ва самаранок буда, то ин дам шумораи беморони фалаҷро то 99 фоиз дар ҷаҳон кам кардааст». «То ин дам барои эм кардани кўдаконе, ки дар маҳалҳои алоҳида ва дурдаст зиндагӣ мекунанд кўшишҳои зиёде ба харҷ дода шудааст», — гуфт иҷрокунандаи вазифаи намояндаи ЮНИСЕФ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шима Баркин — Кузмин. — Якҷоя мо бояд боварӣ ҳосил кунем, ки давраи дуюми эмкунӣ боз ҳам самараноктар гузашта, кўдакон дар маҳалҳои дурдаст эм карда мешаванд». Ҳангоми рўзҳои миллии эмкунӣ, кўдакон дар нуқтаҳои эмкунӣ ба монанди беморхонаҳо, марказҳои тандурустии маҳаллӣ, мактабҳо ва боғчаҳои бачагон ройгон эм карда мешаванд. Падару модарон бояд боварӣ ҳосил кунанд, ки кўдакони дар маҳалҳои дурдасти гирду атрофи ҷумҳурӣ буда дар ҳама давраҳои эмкунӣ, эм карда шаванд, хусусан дар ҳоли нагирифтани ваксина дар даври аввали эмкунӣ. Кормандони марказҳои тандурустӣ дар бораи кўдакони эмнакарда бояд хабардор карда шаванд. «Гурўҳҳои ташабускори вазорати тандурустӣ бо кўмаки ТУТ ва ЮНИСЕФ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сафар карда аз рафти маъракаи эмкунӣ назорат мекунанд ва имконияти паҳншавии вируси бемории фалаҷро таҳқиқ мекунанд.  Ҳисоботҳо аз минтақаҳо нишон медиҳанд, ки аҳолӣ аз вазъияти фавқулодаи бамиён омада бо фаҳмиши баланд назар карда зарурияти дар се давра эмкунии кўдакони худро бар зидди беморӣ хуб дарк мекунанд. Кормандони соҳаи тиб телевизион ва маводҳои иттилоотӣ ба мардум маълумотро оидӣ маъракаи эмкунӣ паҳн мекунанд. Дастгирии васоити ахбори омма дар самти огоҳонидани аҳолӣ дар робита бо моҳияти эмкунии тамоми кўдакони синнашон то 6 сола барои бомуваффақият гузаронидани маъракаи эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ бениҳоят муҳим аст», қайд карда мешавад дар варақаи иттилоотии  Вазорати тандурустӣ,  ЮНИСЕФ ва ТУТ. ЮНИСЕФ, ТУТ ва дигар шарикони Ташaббуси ҷаҳонии азбайнбарии бемории фалаҷ дар гузаронидани давраи дуюми эмкунӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ ташкил карда шудааст, кўмак мерасонанд.      

Май 18, 2010 18:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст