Э. РАҲМОН АХБОРОТИ РОҲБАРОНИ НОҲИЯҲОИ ЗАРАРДИДАРО ШУНИД

Май 11, 2010 12:38

11 майи соли 2010 ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон  раисони шаҳрҳои Кўлобу Панҷакент ва ноҳияҳои Шўрообод, Мўъминобод , Восеъ, Темурмалик ва Ғончӣ оид ба рафти бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ахбор доданд. Сарвари  давлат Эмомалӣ Раҳмон  ба онҳо оид ба  татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирўз дар Маҷлиси васеи таъҷилии ҳукумати мамлакат оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ қабул шуд, дастуру ҳидоятҳо дод. Таъкид гардид, ки дар ҳамкорӣ бо Комиссияи давлатӣ ва ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба бартараф намудани оқибатҳои офат ва расонидани кўмакҳои моддию молиявӣ ба аҳолии зарардида тадбирҳои судбахш андешанд. Имрўз бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо роҳбарони  вазорату идораҳои  дахлдор баҳри шиносоии бевосита бо рафти корҳои барқарорсозӣ, ҷойи бунёди маҳаллаҳои нави истиқоматӣ ва расонидани кўмак ба мардуми зарардида ба минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон сафар намуд. Комиссияи давлатӣ оид ба рафъи  оқибатҳои офати табиӣ дар ин минтақа вазифадор шудааст, ки тамоми оилаҳои хонаҳояшон пурра харобгаштаро то 6 ноябри соли равон  бо хонаҳои нави муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи рўзгор таъмин намояд. Дар доираи ҳамин супориш  бояд  беш аз 500 адад хонаҳои нав  бо лоиҳаи якхелаи замонавӣ сохта, ба оилаҳои бесарпаноҳмонда тақдим карда шаванд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири молия ва роҳбарони дигар вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор намуд, ки  ба мардуми зарардида  кўмакҳои  моддию молиявӣ расонида, асбобу анҷоми корношоямгаштаи  онҳоро барқарор намоянд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.  

Май 11, 2010 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст