Э. РАҲМОН БА П. ПАТИЛ БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ ИРСОЛ НАМУД
29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла, омадааст: Хонуми Олиҷоҳ, Хабари садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки мўҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, моро сахт андўҳгин намуд. Ин амали ноҷавонмардона ва зиддиинсонии террористон қатъияти моро боз ҳам маҳкамтар хоҳад кард, то бар зидди ҳар гуна чунин зуҳуроти манфур дастаҷамъона ва муштаракан вокуниш нишон дода, оламро аз вуҷуди нопоки онҳо тоза намоем. Дар татбиқи чунин стратегияи фарогир Тоҷикистон ҳамеша бо ҳиндустони дўст хоҳад буд. Бо изҳори таъзияву тассалияти самимӣ ба Шумо ва мардуми ҳиндустон, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба наздикону хонаводаҳои қурбоншудагон бирасонед.








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






