ЭМКУНИИ КӮДАКОН ИДОМА ДОРАД

Май 31, 2010 15:22

Душанбе, 31 май. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз  1 то 5 июни соли ҷорӣ дар тамоми ҷумҳурӣ  даври сеюми маъракаи эмкунӣ бар зидди бемории фалаҷ,  ки то  синни  15 соларо фаро мегирад, гузаронида мешавад.    Тавре аз Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, даври чоруми иловагӣ, ки рӯзҳои 15-19 июн гузаронида мешавад, иммунитети тамоми кўдакони то сини 15 соларо мустаҳкам хоҳад кард. Назорати тадриҷӣ ва таҳқиқоти хуруҷи бемории фалаҷ дар ҷумҳурӣ, ки аз тарафи Вазорати тандурустӣ бо кўмаки Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи Kўдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар шарикони байналмилалӣ гузаронида мешавад водор месозад, ки бо ба инобат гирифтани шароитҳои эпидемиологӣ синни кўдакони эмгиранда то 15 сола зиёд карда шавад.              Бо вуҷуди он, ки бемории фалаҷ дар аксар мавридҳо ба кўдакони синни то 6 сола таҳдид мекунад, аммо вазъ дар мавзеъҳо нишон медиҳад, ки кўдакони синни 6-15 сола низ бо хавфи сирояти бемории фалаҷ  рў ба рў мебошанд, қайд намуд манбаъ. Бояд қайд намуд, ки ЮНИСЕФ қариб 6,4 миллион вояи иловагии ваксинаи истеъмолии зидди бемории фалаҷро барои эм кардани ҳамаи кўдакони синни то 15 сола дар Тоҷикистон харидорӣ кардааст.   ЮНИСЕФ он ваксинаеро харидорӣ мекунад, ки аз тарафи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ барои аз байн бурдани бемории фалаҷ тавсия шудааст ва аллакай шумораи  ҳодисаҳои хуруҷи вируси фалаҷи ёбоиро то 99 фоиз  дар ҷаҳон кам намудааст. Ин дафъаи дуюми хариди ваксинаи зидди бемории фалаҷ аз тарафи ЮНИСЕФ ба ҳисоб меравад: дафъаи аввал, рўзи 27 апрели соли 2010, қариб чор миллион воя ваксина ба Ҷумҳурии Тоҷикистон   ворид шуда буд. Натиҷаҳои даври дуюми эмкунӣ нишон медиҳанд, ки зиёда аз 1.1 миллион кўдакон ва ё худ 99,2 фоиз кўдакони синни то 6 сола эм карда шудаанд. Мушоҳидаҳои пешакӣ нишон медиҳанд, ки шумораи беморон баъд аз гузаронидани даври аввали маъракаи эмкунӣ кам шуда истодааст.    

Май 31, 2010 15:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд