ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА И.КАРИМОВ МИННАТДОРӢ БАЁН НАМУД
Душанбе, 11 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат ба хизматчиёни ҳарбии Пойгоҳи низомии 201 – уми Русия дар Тоҷикистон барои сари вақт расонидани кӯмак ба зарардидагони фалокати табиӣ дар минтақаи Кӯлоб изҳори сипос намуд. Инчунин Сардори давлати Тоҷикистон шахсан аз номи худ, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи тоҷик ба Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов барои ҳар чӣ зудтар бартараф сохтани харобиҳои қитъаи роҳи оҳан ва сар додани вагонҳои пурбор ба самти вилояти Хатлон миннатдорӣ баён кард.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






