ЭСТАФЕТАИ ҒАЛАБА БА ТОҶИКИСТОН МЕОЯД
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). — Марзбонони қирғиз 7 май дар ағбаи Қизиларт ҷоми идонаи эстафетаи ғалабаро ба марзбонони тоҷик месупоранд. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки ҷоми идона рамзи ғалабаи халқҳои собиқи Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ мебошад. Ҷоми мазкур аз сарҳади Қирғизистон ба Мурғоб, баъдан ба Хоруғу Дарвоз ва Душанбе оварда мешавад. Дар маҳалҳои аҳолинишини қад – қади роҳ ба шарафи эстафетаи ғалаба тадбирҳои идона ташкил карда мешаванд. Аз дафтари матбуоти Артиши марзбони Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки ҷоми идонаи эстафетаи ғалаба 9 май, дар Рӯзи ғалаба ба Душанбе расонида дар вазъияти ботантана ба гурӯҳи зудамали марзбони Хадамоти федералии амнияти Федератсияи Русия супорида мешавад. Эстафетаи мазкур бо ташаббуси Шӯрои ветеранҳои ҷанги мамлакатҳои ИДМ гузаронида, ҳадафи он тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки эстафетаи ғалаба дар ду самт баргузор мегардад. Эстафетаи аввал аз шаҳри Гроднои Белорусия оғоз ёфта, аз қаламрави Украинаю Молдавия, Арманистон ва Русия гузар мекунад. Эстафетаи дуюм аз шаҳри Мурманск оғоз ёфта, ба воситаи Қазоқистону Қирғизистон, Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Туркманистон ба Маскав бурда мешавад. Ҳар ду эстафета 28 май дар Рӯзи артиши марзбон ба Маскав бурда, яке аз онҳо дар осорхонаи Хадамоти федералии амният ва ҷоми дигар дар Осорхонаи марказии ҶБВ дар Маскав нигоҳ дошта хоҳанд шуд.