ФУРУДГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ИШТИРОК МЕНАМОЯД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Дар доираи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба варзиш, рӯзи 16 май "Дави миллӣ " баргузор мегардад. Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз дафтари матуоти КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" Махмадюсуф Шодиев итиллоъ дод, кормандони КВД "Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе" тасмим гирифтанд дар рӯзи баргузории "Дави миллӣ" фаъолона иштирок намоянд. Роҳбарони хадамот, шӯъбаҳо ва кормандоне, ки дар ин рӯзӣ аз кор фориғанд аллакай изҳори иштирок намудан карданд. Алҳол 32 нафар тасмим гирифтаанд, ки дар чорабинии мазкур иштироки фаъолона дошта бошанд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






