ФУТБОЛБОЗОНИ ТОҶИК БА МЯНМА РАФТАНД

Май 5, 2010 11:05

Душанбе,  5 май. (АМИТ «Ховар», Пайрав  Назаров). —  Қаҳрамони  ҳозираи  футболи  Тоҷикистон  — дастаи  «Вахш» — и  шаҳри  Қӯрғонтеппа  4  май  ба  Мянма  рафт.  Дар  ин  ҷо  10  май  даври  пешакии қувваозмоиҳо барои  ба  даст  овардани  Ҷоми  раиси Конфедератсияи  футболи Осиё  шурӯъ  мегардад. Иштирокчиёни  мусобиқа ба  се гурӯҳ  тақсим  карда шудаанд. Дастаи  футболи Тоҷикистон ба  гурӯҳи  В дохил  карда шудааст. Ғолибони  ҳар  се  гурӯҳ  ва  дастаи  беҳтарине, ки  ҷои  дуюмро  ишғол  мекунанд,  ба  мусобиқаи  нимфиналӣ  роҳхат  мегиранд. Даври  хотимавии  мусобиқа  моҳи  сентябр  баргузор  мегардад.  

Май 5, 2010 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад