«ГАРМЧАШМА» ОБОД МЕШАВАД
Хоруғ, 12 май. (АМИТ «Ховар», Л.Додо). — Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим истироҳатгоҳи «Гармчашма» торафт ободтар мегардад. Айни ҳол дар ин ҷо сохтмони меҳмонхонаи панҷситорадор ва шифохона барои 50 нафар бунёд карда мешаванд. Тибқи созишномаи раиси вилоят бо роҳбарияти корхонаи алюминии тоҷик муассисаҳои мазкур бо маблағи ҳамин корхона бунёд карда мешаванд. Корхонаи алюминии тоҷик инчунин барои сохтмони ду ҳавзи шиноварӣ ва як бинои истироҳатӣ дар наздикии истироҳатгоҳи «Гармчашма» маблағ ҷудо хоҳад кард. Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки сохтмони ин биноҳо то ҷашни Ваҳдат пурра ба охир расонида мешавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






