ХАТМКУНАНДАГОНИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ ДАСТГОҲИ 1500 $ ГАРДИДАНД

Май 20, 2010 10:06

Душанбе, 20 май.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-14 нафар ҷавонони тоҷик даври аввали курси омӯзиши сангтароширо дар Душанбе хатм намуданд. Омӯзишгоҳи ҳунари сангтарошӣ моҳи феврали соли равон дар назди  «Маркази таълимии калонсолони Тоҷикистон» бо ибтикори намояндагии Кумитаи байналмилалии имдоди имом Хумайнии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳамкорӣ бо Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ифтитоҳ гардида буд. Дар муддати се моҳ ҷавонони тоҷик, ки аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон мебошанд,  нозукиҳои ин ҳунари қадимаро аз бар намуданд. Дар маросими тантанавӣ ба хатмкунандагони  курси ҳунари сангтарошӣ муовини ҳамоҳангсозӣ байналмилалии Кумити имдоди имом Хумайнӣ Муҳаммади Муҳаммадифард гувоҳномаҳо супорид. Ба се ҷавони тоҷик, ки  ҳунари сангтароширо беҳтар аз бар намудаанд дастгоҳи махсуси сангтарошӣ бо арзиши ҳар кадоме 1500 доллар тақдим карда шуд. Назар ба иттилои мудири намояндагии Кумитаи мазкур дар Тоҷикистон Сайидҷаводим Разавӣ, ҷавонон баъди хатми курси кӯтоҳмуддат имкон доранд, ки  корхонаҳои хурди сангтарошӣ ифтитоҳ карда, бо ҳунари сангтарошӣ  сатҳи иҷтимоии рӯзгори худро беҳтар намуда,  дар иқтисодиёти Тоҷикистон нақши арзишманд гузоранд. Дар оянда ифтитоҳи курсҳои омӯзиши ҳунари сангтарошӣ дар дигар минтақаҳои Тоҷикистон дар назар дошта шудааст. Зеро Тоҷикистон 93 % ҳудудаш кӯҳистон буда, дорои сангҳои нодиру қимматбаҳо аст.

Май 20, 2010 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад