ХИСОРОТ ТАНҲО БО ДАСТҶАМЪӢ РАФЪ ХОҲАД ШУД
Душанбе, 14 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз хисороти дар натиҷаи боришоту сел, ки дар минтақаи Кӯлоб ба амал омад 453 хона пурра ва 1768 хона қисман хароб гардидааст. Ҳамчунин бар асари офати табиӣ 19 мактаб, 12 беморхона, 80 кӯпрук, 531 км роҳҳои момшингард, 29 км садди дарёву каналҳо, 122 км каналу заҳбур, 109 км хатҳои барку алоқа ва 20 ҳазор гектар замину боғот зери лойқа мондааст. Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, зарари хисорот 900 млн. сомониро ташкил медиҳад. Бо супориши Президенти кишвар тамоми оилаҳои зарардида то моҳи ноябр- то Рӯзи Конститутсия (Сарқонун)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин хоҳанд шуд. Боис ба ёдоварист, ки соли гузашта дар натиҷаи дастгирии сарҷамъонаву аҳлона барои аҳолии аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Хуросон шаҳраке бо 400 хонаи истиқоматӣ бунёд карда шуд. Соли ҷорӣ низ тамоми Вазорату идораҳо, муассисаю корхонаҳо бо истифода аз таҷрибаи соли гузашта хисоротро дастҷамъона бартараф хоҳанд кард,- телефонӣ иброз дошт раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев ба мухбири АМИТ «Ховар».








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






