ХОҲАРОН ҲАМДИГАРРО БАЪДИ 60 СОЛ ЁФТАНД

Май 6, 2010 14:50

Душанбе,  6 май. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова). —  Одатан, тоҷикон  зимни  таваллуди  кӯдакони  дугоник  ба  фарзандонашон  агар  писар бошанд  Ҳасану  Ҳусейн (писарони Алӣ) ва  агар  духтар  бошанд Фотимаю  Зӯҳро (Фотима – духтари пайғамбар  Муҳаммад  ва  Заҳро тахаллуси  ӯ)  мегузоранд.  31  августи соли  1949  дар   оилаи сокинони  шаҳри  Душанбе Холовҳо  низ  духтарони дугоник ба  дунё  омаданд. Падару  модар  бо  сад  умеду  орзу   номи онҳоро  Фотимаю  Зӯҳро  гузоштанд. Вале  хоҳарони  дугоник  баъд  аз  чанд  муддат  аз  ҳамдигар  ҷудо  карда шуданд. Падари  онҳо  баъди  чанд  соли таваллудашон  вафот  кард,  модарашон аз  ӯҳдаи таъминоти  моддии  духтаронаш  набаромада,  онҳоро ба  хонаи  бачагон  супорид. Бо  ҳукми тақдир  баъди  чанде  як  оилаи  бефарзанди  ӯзбек  Фотимаро  духтархонд  карда,  гирифта бурд. Ин  оила  ҳамроҳи  Фотима  аз  хонаи  бачагон  боз  як  бачаро низ  писархонд  кард. Фотима  танҳо баъди  чандин  солҳо  фаҳмид, ки   волидайни ҳақиқиаш  тамоман одамони  дигар  будаанд.  Зӯҳроро, ки  дар  хонаи  бачагон  монда буд,  модараш  баъди  чанд  сол бозпас  гирифт.  Ҳамин  тариқ  роҳи  зиндагии  хоҳарони  дугоник  аз  ҳамдигар  барои  солҳои тӯлонӣ  ҷудо  гардид. Бояд  гуфт, ки  ҳар ду  хоҳарон  тамоми  ин  солҳо   дар  шаҳри  Душанбе,  вале  дар  ноҳияҳои  гуногуни он зиндагӣ  карда,   аз  ҳамдигар  хабар  надоштанд.  Муроҷиати онҳо ба   идораҳои гуногун  натиҷаи  дилхоҳ  надод. Фотима  нақл  мекунад, ки  тасодуфан  бо  марди хайрхоҳу накӯном  Владимир  Николаевич  Киберёв  вохӯрд.  В.Н.Киберёв ба  ӯ ваъда  дод, ки  дар  ҷустуҷӯи  хоҳараш   кӯмак  мерасонад. Инак,  хоҳарон  Фотимаю  Зӯҳро  баъди  60 сол  4  майи  соли равон  дар  толори  маҷлисҳои Шӯъбаи  корҳои дохилии  шаҳри  Душанбе  мулоқот  карданд. Лаҳзаи  мулоқоти онҳо тасвирнопазир  аст. «Ман шубҳа  надоштам, ки  хоҳари  худро   меёбам.  Ҳаминаш  аламовар  аст, ки   хоҳарони  дугоникро  бе иҷозати  модарашон ба  оилаи  дигар  додаанд. Ин на  аз рӯи  қонун асту  на  аз рӯи  адолат», — мегӯяд  Фотима.  Зӯҳро  низ   изҳор  намуд, ки  тамоми  ин  солҳо   умедвори дидори  хоҳараш  буд. Владимир  Николаевич  Киберёв  корманди  Шӯъбаи  корҳои  дохилии  ноҳияи  Фирдавсии  шаҳри  Душанбе буда,  дар  пайравии  барномаи  телевизиони  Русия «Жди меня»  барномае  таҳия  карда,  ба одамон  дар  ҷустуҷӯи  гумкардаҳояшон  кӯмак  мерасонад. Ман худро  аз  тақдири онҳое, ки  наздикони  худро  гум  кардаанд  ва  умедвори  дидори онҳо  мебошанд, дар  канор  гирифта наметавонам.  Сабабу  шароити  аз  ҳамдигар  ҷудо  гардидани одамон  ё  гум  гаштани онҳо  гуногунанд.  Баъзан  одамонро  баъди  муроҷиати  пайвандонашон  дар  давоми  ду  ё  се  моҳ  пайдо  кардан  имконпазир  мегардад, ҷустуҷӯҳои  дигар  солҳои тӯлонӣ  давом  мекунанд. Ҳаминаш  муҳим  аст, ки  мо  бояд  ба  боварию  эътимоди  одамоне, ки  гумкардаҳояшонро   меҷӯянд, сазовор  бошем,  мегӯяд  В.Киберёв.

Май 6, 2010 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд