ИҶРОИ ЛОИҲА ДАР ҲАВЗАИ ДАРЁИ СУРХОБ
Душанбе, 11май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи маълумоти маркази дастгирии хусусигардонии хоҷагиҳо, дар ҳавзаи дарёи Сурхоб лоиҳаи «Инкишофи истеҳсолоти кишоварзӣ» дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Ҷиргатоли водии Рашт фаъолият дорад. Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи мазкур дар се ҷамоат: Ширинчашма, Шогадоев ва Лангари Шоҳ ба роҳ монда шудааст. Аҳолии се ҷамоати мазкур, барои амалӣ шудани лоиҳа 136 зерлоиҳа пешниҳод намуданд, ки 2201 хоҷагӣро дар бар мегирад. Ҷамъи аҳолии аз ин зерлоиҳаҳо истифодабаранда 13784 нафар мебошанд. Маблағи умумии азхудкардашудаи зерлоиҳаҳои пешниҳодгардида 392220 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 312 ҳазорашро маблағҳои грантӣ ташкил медиҳанд. Дар ин ноҳия зерлоиҳаҳо асосан ба самти занбӯриасалпарварӣ, мурғпарварӣ, чорводорӣ ва боғдорӣ равона гардидаанд. Дар ҷамоатҳои ноҳия аз рӯи се компоненти барнома корҳо идома доранд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






