ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ ПАХТА ДАР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ
Душанбе, 4 май. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ кишти пахта як моҳ пештар нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 иҷро гардид. Боис ба ёдоварист, ки соли гузашта дар натиҷаи боронҳои пай дар пай кишти пахта на танҳо дер, балки дар саросари ҷумҳурӣ иҷро нагардид. Соли ҷорӣ бошад, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз вақти муносиб хуб истифода карда, кишти пахтаро дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ нафақат анҷом доданд, балки аз нақша бештар кишт карданд. Дар ноҳияи Ҳисор ба ҷои 1250 гектар 1450, Шаҳринав ба ҷои 1000 гектар 1148, ноҳияи Рӯдакӣ бошад ба ҷои 1000 – 1116 гектар пахта кишт намуданд. Боиси зикр аст, ки дар хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ деҳқонони пахакор барои иҷрои саривақтии кишти пахта-(180 465 гектар) аз 1034 адад тухмпошакҳо истифода карданд ва то 5 – уми май киштро дар ҳамаи ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ анҷом доданианд.








Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад






