ИНТИҚОЛИ ХУШКМЕВА АЗ ТОҶИКИСТОН БА РОССИЯ МАНЪ КАРДА ШУД
Душанбе, 6 май. (АМИТ «Ховар» Мавзуна Бойева).- Бинобар ошкор гардидани касалии полиомиелит дар ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати назорати истеъмолии Россия "Роспотребнадзор" ворид кардани ҳамагуна меваи хушконидашударо аз ҷумҳурии Тоҷикистон ба қаламраваш манъ кард. Сардухтури идораи Роспотребнадзор Геннадий Онишенко дар мактуби худ таъкид намудааст, ки ҳамаи раёсатҳои минтақавии Федератсияи Россия вазифадор шудаанд, ки дар ҷойҳо хушкмеваҳои аз Тоҷикистон ворид мешударо мусодира намоянд. Геннадий Онишенко ба раёсатҳои минтақавӣ супориши қатъӣ додааст, ки пеши роҳи ворид кардани хушкмеваро аз Тоҷикистон гиранд аз ҷумла бори дастии мусофирони тариқи ҳавопаймо воридшаванда низ мавриди мусодира қарор дода шавад ва имкон дода нашавад, ки хушкмеваи Тоҷикистон ба бозори истеъмолии Россия ворид гардад. Инчунин сардухтур дастур додааст, ки тамоми ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ , аз ҷумла хулосаҳои санҷиши санитарӣ -эпидемиологие, ки пештар миёни ҷумҳуриҳо ба имзо расида буданд, бекор дониста шуда, сертификат ва дигар асноди тасдиқкунандаи ҳолати хушкмева беқурб дониста шаванд. Мутахассиси пешбари Хадамоти давлатии назорати санитарӣ -эпидемиологӣ Абдусамад Ёқубов ба маркази матбуоти фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ дод, ки ҷавобан ба амалкарди ҷониби Россия мо низ чораҳои амалӣ мебинем. Ба кормандони бахши соҳа дастур дода шудааст, ки интиқоли хушкмеваро ба ҷониби Россия пешгирӣ намоянд. Яъне мусофироне, ки тариқи фурӯдгоҳи Душанбе ҷониби Россия парвоз мекунанд, бояд аз бурдани хушкмева бо худ худдорӣ намоянд.